Туркия — бузургтарин кишвари ироакунандаи кумакҳои башардӯстона гардид

№ 07.11.2018

Мувофиқи гузориши барномаи «Global Humanitarian Assistance» (GHA), Ҷумҳурии Туркия дар соли 2017 бузургтарин кишвари  ироакунандаи кумакҳои башардӯстона дар ҷаҳон гардид. Ҳаҷми солонаи кумакҳои башардӯстонаи Туркия дар соли гузашта ба 8,07 миллиард доллар расид. ИМА бо маблағи 6,68 миллиард доллар ҷойи дуюмро  ишғол намуда, аз Германия (2,99 миллиард доллар) дар ҷойи сеюм меистад.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алӣ Рифъат Кёксал зимни нишасти  матбуотӣ, ки 7 ноябри соли равон доир гардид, расонидани кӯмаки башардӯстонаро як унсури муҳим дар пойдории ҷомеаи  байналмилалӣ шумурда гуфт: — Давлати Туркия расонидани кумак ба кишварҳои дар натиҷаи ҷанг, офатҳои табиӣ ва  фақру кашмакашҳои иҷтимоӣ дар вазъияти ногувор қароргирифтаро вазифаи инсонии худ мешуморад. Ин анъана дар даврони Хилофати Усмонӣ низ пойдор буд. Яке аз  мисолҳои равшани он ирсоли озуқаворӣ тавассути киштиҳо ба Ирландия дар даврони қаҳтию гуруснагии соли 1847 мебошад. Ҳамон сол дар Британияи Кабир ва Ирландия қариб 1 миллион нафар аз гуруснагӣ фавтида буданд. Сокинони атрофи бандари Дрогеда барои ибрози миннатдорӣ ба кумаки Туркияи Усмонӣ ба рамзи шаҳри худ акси моҳу ситораро илова карданд. Имрӯз низ дар рамзи дастаи футболи «Дрогеда Юнайтед» акси моҳу ситора мавҷуд аст.

Сафир ёдрас шуд, ки Туркия калонтарин давлати дунё дар бахши қабули гурезаҳо ба шумор меравад. Зиёда аз 3,5 миллион гуреза суриягӣ дар Туркия қарор доранд. Тибқи омори ғайрирасмӣ, Туркия 15 фоизи гурезагони дунёро пазируфтааст. Зиёда аз 1 миллион нафар  гурезагони  суриягиро кӯдакон ташкил медиҳанд.

- То ҳол 34 миллион муроҷиати тиббии суриягиҳо қонеъ шуда, зиёда аз 1 миллион нафар ҷарроҳӣ карда шуданд. Маблағи то имрӯз барои гурезаҳои сурия сарфшуда қариб ба 33 миллиард доллар мерасад,- гуфт Алӣ Рифъат Кёксал.

Ҳамоҳангсози Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) Тариқ Метен изҳор намуд, ки ташкилоти мазкур дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон  намояндагиашро ифтитоҳ кард. То ин дам дар Тоҷикистон танҳо дар бахши маориф 75 лоиҳа амалӣ шуда, ин кумак сохтмону таъмири мактабҳою муассисаҳои томактабиро дар бар мегирад. Тамоми лоиҳаҳои амаликунандаи TIKA дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад. Барои мисол, дар бахши касбу ҳунаромӯзӣ ташкилоти мазкур 15 лоиҳаро амалӣ карда, ҷавонони зиёде касбҳои кафшергарӣ, пазандагӣ ва меҳмонхонадорию хизматрасонии туристиро омӯхтанд.

- Яке аз бахшҳои ҳамкориҳои моро мусоидат ба соҳаи тандурустӣ ташкил медиҳад,- гуфт Тариқ Мете.- Дар ин самт 46 лоиҳа амалӣ шудааст. Тасмим гирифтем, ки минбаъд ба ташхиси ҳатмии дарки шунавоии навзодон дар Тоҷикистон мусоидат намоем. Дар Туркия 98 дарсади кӯдакони  навзод аз ташхиси дарки шунавоӣ гузашта, аз рӯйи ин нишондиҳанда аз ИМА ва мамолики аврупоӣ боло меистад.

TIKA ҳамчунин дар Тоҷикистон 28  лоиҳаро дар бахши — фарҳанг, аз қабили таъмири осорхонаву толорҳо ва 12 лоиҳаи кумаки башардӯстонаро амалӣ намуда, минбаъд низ фаъолияташро дар самтҳои зикршуда вусъат мебахшад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»