Турсунзода. «Бефарҳангӣ» дар боғи фарҳангӣ

№112 (4062) 19.09.2019

20190916_094403Ибтидои соли ҷорӣ дар як қисми замини боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Турсунзода корҳои сохтмонӣ ба роҳ монданд. Чунин ба назар мерасид, ки амалҳои бунёдӣ ба ободии боғ нигаронида шудаанд. Вале, собит шуд, ки сохтмон ба рушди боғ рабт надорад, балки бо ин роҳ заминашро аз худ кардаанд.

- Дӯконҳои савдо аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта, ҳуҷҷатгузориашон дуруст ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор нахуст қарори раиси шаҳрро дар бораи муваққатан сохтани онҳо дар ҳудуди боғи фарҳангӣ гирифта, сипас ба кор шурӯъ кард. Дар ҳолати зарурӣ замини боғ ба ҳолати аввала баргардонда мешавад, — гуфт сармеъмори шаҳр Нуриддин Бозоров.

Бино ба иттилои масъулон, дарозии замини ба соҳибкор додашуда 53 ва паҳноияш 3,5 метрро ташкил медиҳад. Тоҷир дар ин масоҳат 24 мағоза сохта, ба иҷора додааст. Ногуфта намонад, ки боғ дар байни ду бозори калони шаҳр ҷойгир аст ва ҳеҷ зарурате барои ташкили нуқтаи тиҷоратӣ дар ин муассисаи фароғатии давлатӣ набуд. Шояд соҳибкор барои истифодаи замини давлат ба буҷет ё боғи фарҳангӣ маблағ пардохт кунад?

20190916_095551- Моҳи феврали соли ҷорӣ бо соҳибкор Сиёвуш Акрамов, ки соҳиби дӯконҳо маҳсуб мешавад, оид ба тарзи истифодаи замини боғ ва пардохти ҳаққи иҷорапулӣ қарордод баста будем, — зикр кард директори боғи фарҳангӣ Саидхон Шокиров. — Вале, бо дарназардошти он ки корашонро нав шурӯъ карда буданду маблағи даромадашон маълум набуд, ҳаққи дақиқи пардохти иҷораро таъин накардем ва… фиреб хӯрдем. То ба ҳол ҳатто як сомонӣ пули истифодаи заминро напардохтааст. Чанд маротиб муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа.

- Айни замон дар боғ 9 нафар фаъолият доранд. Чун муассиса худмаблағгузор аст, музди меҳнати кормандон аз ҳисоби даромади ҳаррӯза пардохт мешаванд. Алҳол аз сабаби корҳои азнавсозӣ дар боғ, рафтуои кӯдакон ҳам кам шудааст. Дар фасли зимистон барои бозӣ, қариб ки намеоянд. Агар соҳибкор иҷорапулӣ медод, кумаке барои пешрафти кори муассиса мешуд.

Ҳамагӣ чанд метр дуртар аз мағозаҳои сохташуда, аниқтараш, дар дохили боғ, сохтмони дигар дида мешавад. Муайян гардид, ки он низ ба Сиёвуш Акрамов тааллуқ дорад. Мутобиқи лоиҳа иншоот аз ду ошёна иборат хоҳад шуд. Барои ба соҳибкор додани қитъаи замини боғи фарҳангӣ — фароғатӣ 14 — уми январи соли равон, таҳти №11 раиси шаҳр қарор ба тасвиб расондааст. Чанд иқтибос аз он:

«1. …Ба шаҳрванд Акрамов Сиявуш Сафархуҷаевич барои сохтмони навъи сабуки маркази бозиҳои кӯдакона ва нуқтаи хизматрасонии маишӣ бо масолеҳи сабуки васлшаванда, бидуни сохтмони асосӣ аз заминҳои зери майдони ҳудуди боғи фарҳангӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи И. Сомонӣ, қитъаи замин ба масоҳати 632 метри квадратӣ (шашсаду сию ду м2), барои истифодаи муҳлатнок (ба муҳлати 20 сол) дода шавад…».

Ба андешаи Н. Бозоров, соҳибкор барои бунёд кардани иншоот дар заминҳои дохили идораи фарҳангӣ розигии Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро низ гирифтааст. Аммо коршиносони соҳаи меъморӣ мегӯянд, ки пеш аз истифода кардани майдони васеи заминҳои боғи фарҳангӣ бо ҳадафи сохтани бинои хусусӣ, аввал бояд «нақшаи генералӣ»-ро тағйир диҳанд. Вале маълум нест, ки дар «нақшаи генералӣ»-и боғи фароғатии шаҳри Турсунзода дигаргунӣ ворид шудааст ё не. Зеро директори боғ мегӯяд, ки дар давоми фаъолияти корӣ боре ҳам бо нақшаи боғ шинос нашудааст.

Ҳудуди боғ аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо панҷара ва сутунҳои оҳании махсус иҳота шудааст. Қабл аз заминро ба соҳибкор додан, мутасаддиён онро аз ашёи зикргардида «тоза» кардаанд. Ба иттилои як манбаъ, 23 адад сутуни оҳанини дарозиашон 3 метрӣ ва андозаашон номаълумро, ки аз он гӯшаи боғ канда буданду моликияти давлат ба ҳисоб мерафтанд, соҳибкор дар сохтмони дӯконҳояш истифода бурдааст ва ҳеҷ маблағе ҳам ба боғи фарҳангӣ напардохтааст. Директори боғ С. Шокиров низ ҳақиқат доштани ин далелро тасдиқ карда, афзуд, ки «Воқеан ҳам сутунҳои марбут ба муассисаро соҳибкор ҳамчун поя дар соябони сохтааш истифода намудааст. Шахсан ба ӯ ҳатто як дона сутун надодаам ва пул ҳам барои сутунҳо аз ӯ нагирифтаам. Ҳатто наздаш рафта, гуфтам, ки маблағи сутунҳоро пардоз, моли давлат аст. Ӯ гуфт, ки аллакай пулашро ба дигар кас додааст».

Дар рӯ ба рӯи боғ мақомоти прокуратура ҷойгир аст. Дар канораш суди шаҳр. Шояд баъди нашри ин мақола мақомоти дахлдор ба ин ҳама «бефарҳангӣ» дар муассисаи фарҳангӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд?!

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»