Турсунзода. Нарх дар бозор танзим мешавад

№67 (3861) 31.05.2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар чунин таъкид намуданд: «…Ҳамчунин ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои мусулмоннишин тоҷирон нархро баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд…».

Раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода Ҳотам Амиров зимни суҳбат гуфт, ки бо мақсади сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон нархгузорӣ дар бозорро зери назорат гирифта, намегузоранд, ки аз меъёр зиёд шуда, боиси нигаронии сокинон гардад. Алҳол нархи сабзавот дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 нисбатан поин рафтааст. Масалан, нархи як кило картошка, ки аз маҳсулоти ниёзи аввал ҳисоб мешавад, соли гузашта ҳамин шабу рӯзҳо аз 3,80 то 4 сомонию 20 дирамро ташкил медод. Феълан 1 килои он 2 сомонию 80 дирам арзиш дорад, ки он ҳам муваққатӣ буда, рӯзҳои наздик арзонтар мешавад. Нархи як кило пиёз, ки соли гузашта дар моҳи Рамазон 2,80 — 3,30 сомонӣ буд, кунун аз 60 дирам то 1 сомонӣ нарх дорад. Ғайр аз ин, нархи дигар намуди маҳсулот: донагӣ, мевагӣ, полезӣ низ дар муқоиса ба як соли пеш арзонтар шудааст. Ба соҳибкорон таъкид мекунем, ки вақте аз деҳқон маҳсулотро арзон харидорӣ карданд, аз рӯи инсоф онро ба савдо бароранд. Нархи гӯшт чанд рӯз қабл 40 сомонӣ буд. Ҳоло дар ҳар як дӯкони гӯштфурӯшӣ 38 сомонӣ нархнома насб кардем, то онҳо натавонанд аз арзиши муайяншуда зиёд нархгузорӣ кунанд.

Ба гуфти Ҳотам Амиров, дар дохили бозор ниҳодҳои назоратии зиддахл қароргоҳ дошта, вобаста ба сифати маҳсулоти барои фурӯш пешкашмешуда назорати доимӣ мебаранд.

 Ёқуби Содиқ,

«Садои мардум»