Турсунзода. Собиқадорони ҶБВ аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ бархӯрдоранд

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Дар муҳорибаҳо бар зидди фашизми Германия ҳазорон ҷавонмарди бонангу ори тоҷик иштирок намуда, корнамоии бемисл нишон додаанд. Бо дарназардошти хизмати бесобиқа онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд.

Масъулони шаҳри Турсунзода низ  нисбат ба онҳо ғамхорӣ ва дастгирии хешро дареғ намедоранд. Тавре Ҳаитбобо Ҳаитов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар суҳбат бо мо гуфт:

- Ҳоло шумораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳр 10 нафарро ташкил медиҳад. Соли рафта шумораашон 14 нафар буд. Иштирокчиёни ҷанг Аъзам Ҷумъаев, Иброҳим Худойбердиев, Бӯрӣ Холов, Минтура Шоимов ва Холбобо Ҳасанов ҳоло беморанд. Мо на танҳо дар рӯзҳои Иди Ғалаба, балки доимо ба аёдаташон рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар мегирем. Пирони рӯзгордида эҳтиёҷ ба ҳамсуҳбат доранд. Онҳо аз имтиёзҳое, ки Давлату Ҳукумат барояшон муқаррар кардааст, бархӯрдор мебошанд. Дар арафаи Иди Ғалаба аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоми онҳо 4 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ғайр аз ин, масъулони КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҳар як собиқадор 1000 сомонӣ тақдим намуданд.

Ҳ. Ҳаитов афзуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дигар ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ҳама ҷашну ид нахуст ба дидорбинии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, онҳоро қадрдонӣ ва дар фасли зимистон бо сӯзишворӣ таъмин менамоянд.

 Ёқуби СОДИҚ,  «Садои мардум»