Ба истиқболи 26 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ

№136 (4242) 03.11.2020

коллаж 2Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории навин нақши калидӣ дошта, заминаи муҳим ва боэътимоди ташаккули соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он натиҷаи талош ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои мардум мебошад. Таҷрибаи таърихӣ ва низоми давлатдорӣ нишон медиҳад, ки конститутсияҳо одатан дар марҳилае қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ба сатҳи дигари он мегузарад. Табиист, ки чунин гузариш бе камбудӣ набуда, норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан мумкин аст.

 Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули Конститутсия вобастагии калон дошта, метавонад онро ба санади ризоят ва ваҳдати миллӣ табдил диҳад. Конститутсияи амалкунандаи кишвар, ки 26 сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ба ҳамин гуна ҳуҷҷат табдил ёфт. Он аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми шарифи кишвар буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад, ки Тоҷикистонро чун давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои демок­ратии дунё ифода ёфтааст.

Дар Конститутсияи мамлакат тартиби ҳаёти ҷомеа, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба танзим дароварда шуда, он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳояш мус­тақиман амал мекунанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар партави арзишҳои башарии ҷаҳони мутамаддин, демократизму конститутсионализм қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзалиятҳое иборат мебошад, ки кишвар дар самти гиромидошти арзишҳои башарӣ, аз қабили эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастгирии сулҳ ва ёрии байниҳамдигарӣ, мусоидат дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ ҳама кӯшишро ба харҷ медиҳад. Далели равшани ин гуфтаҳо суханронӣ ва даъватҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли проблемаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, мубориза бо терроризму экстремизм, ба эътидол овардани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, гиромидошти фарҳангу тамаддун ва шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва бетафовут набудани Тоҷикистон дар ҳалли ҳама гуна проблемаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Хусусияти дигари муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, ба уҳдаи давлат масъулияти бахши иҷтимоиро вогузор намудааст. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз қабили иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ кафолат дода, барои рушди бемайлони инсоният ва дарки моҳияти инсонии ҳар як фард замина мегузорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба кафолати ҳифзи судӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҷойгоҳи хосаеро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар моддаи 19 — и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд» давлатро вазифадор менамояд, ки пайваста баҳри таҳкими густурда ва тақвияти бомароми ҳокимияти судӣ ҳамчун мақомоти ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саъй намояд.

Дар ин радиф Конститутсияи кишвар ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, дар боби алоҳида (боби 8) асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва самту тарзи фаъолияти онро мустаҳкам намудааст, ки ин нишона аз муҳимтарин хусусиятҳои демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он, ҳамчунин, дурнамои рушди муносибатҳои ҷамъиятиро муайян ва устувории онҳоро таъмин мекунад.

Мирзоусмон ГИЁЗОДА,

раиси Суди шаҳри Душанбе