Шарҳи қонун

Уҳдадории ҳарбиро минбаъд ҳама ба ҷо меоранд

№27 (4289) 27.02.2021

galaba620 январи соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Ҳоло бисёриҳо ба навгониҳои он мароқ зоҳир кардаанд. Хоса, волидон, ки мехоҳанд донанд минбаъд фарзандонашон чӣ гуна хизмат мекунанд? Ё муҳассилини макотиби олӣ, ки дар кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳҳо таҳсил доранд, мепурсанд, ки оё дар ҳақиқат, минбаъд онҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва он чӣ гуна сурат мегирад? Умуман, зарурат ба қабули қонун дар таҳрири нав дар чист?

Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо зимни суханронӣ дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мақсади қабули қонун дар таҳрири навро мукаммал гардонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт:

- Ҳар сол дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ доир мегардад. Бо вуҷуди он ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳар сол пурра иҷро мешавад, корҳое ба назар мерасанд, ки ба рафти ин маъракаи муҳим таъсири манфӣ мерасонанд. Сифатнок ташкил накардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, дуруст ба роҳ намондани бақайдгирии шаҳрвандони синни даъватӣ, муайян гардидани бемориҳои зиёд дар байни даъватшавандагон, аз ҷониби аъзои комиссияҳои даъватӣ ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, бемасъулиятии волидайн ва саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Воқеан, масъалаҳои зикршуда ҳар кадом дар алоҳидагӣ омиле мебошанд, ки ба сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба ин васила ба сифати Артиши миллӣ таъсир мерасонанд. Рафъи саривақтии онҳо бошад, ба манфиати кор аст. Масалан, ҳар сол айёми даъват ба хизмати аскарӣ ахбори гуногун пахш гардида, рӯйдодҳои ҳангомабарангез ба амал меоянд. Мутаассифона, аксари онҳо обрӯрезанд ва на танҳо ба обрӯи шахси алоҳида ё ниҳоде, балки ба обрӯи давлат, латма мезананд.

Қобили зикр аст, ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 28 сол пур шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бошад, 20 сол муқаддам қабул гардидааст. Табиист, ки дар давоми ин солҳо дар ҷомеа таҳаввулот ба амал омада, дар ҳама бахшу соҳаи ҳаёти кишвар, хоса сиёсату иқтисод, дигаргунӣ ва пешравиҳо ба назар расиданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ аз ин тағйироти замон канор монда наметавонист, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артишро сипари боэътимоди давлат ва ҳомии марзу буми кишвар номидаанд. Аз ин лиҳоз, зарурат ба таҳрири  қонун ва таҷдиди назар кардани баъзе аз муқаррароти он ба миён омад.

Яке аз навовариҳои асосии қонун ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ, яъне хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ба ҳисоб меравад. Моҳияти ин намуди хизмати ҳарбӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» чунин шарҳ ёфтааст: «Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ — намуди хизмати ҳарбӣ, ки дар он шаҳрвандони синни даъватӣ ҳуқуқи ба таъхир гузош­тани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, вале метавонанд ин намуди хизматро ба тариқи ихтиёрӣ адо намоянд.».

Ба ибораи дигар, зимни хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати мамлакат муқаррар мекунад, ҷамъомади ҳарбии якмоҳаро гузашта, ба ҳайати захираҳои эҳтиётӣ ворид гарданд.

Тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ бештар аз 400 ҳазор ашхоси синну соли даъватӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз талаботи воқеии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб зиёд мебошад. Яъне, аз миқдори умумии шаҳрвандони синну соли даъватӣ (18-27-сола) ҳар сол танҳо 5-10 фоизи онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванду бас. «Боқимонда тайёрии ҳарбӣ намегузаранд ва дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самарабахш намебошад», — гуфт вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо. Бинобар ин, ҷорӣ кардани хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ имкон медиҳад, ки шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандон тайёрии ҳарбиро гузашта, бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиётӣ ворид гарданд ва ҳангоми эълон намудани сафарбарӣ барои пуррагардонии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд.

Навгонии дигари қонун ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд. Агар қаблан ба онҳо пас аз хатм рутбаи ҳарбӣ дода шуда, ба ҳайати захиравӣ шомил мешуданд, ҳоло чунин нест. Балки тибқи муқаррароти моддаи 59 қонун «ба шаҳрвандоне, ки кафедраи ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт хатм кардаанд, рутбаи аввалини ҳарбӣ пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дода мешавад». Яъне, мувофиқи меъёрҳои қонуни зикршуда, хатмкардагони макотиби олӣ, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ аз омӯзиш гузаштаанд, минбаъд бо фармони Сарвари давлат «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват гардида, 12 моҳ хизмати аскарӣ мекунанд. Сипас, ба рутбаи аввалини ҳарбӣ сазовор мешаванд.

Ин тартиб ба хотири баланд бардош­тани дараҷаи тайёрии касбии афсарони эҳтиётӣ арзёбӣ шуда, барномаҳои омодасозии афсарони эҳтиётӣ дар кафед­раҳои ҳарбиро низ таҷдид менамояд.

Инчунин, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба қонунҳо дар бораи мақомоти Прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судҳо, Хадамоти иҷро, Хадамоти гумрук тағйиру иловаҳо ворид гардида, минбаъд онҳое, ки дар сохторҳои зикршуда хоҳиши кор кардан доранд, бояд хизмати ҳатмии муҳлатнокро гузаранд. Ба ибораи дигар, қонун уҳдадор мекунад, ки ҳама шаҳрвандони синну соли даъватӣ уҳдадории ҳарбиро иҷро намоянд.

Тибқи муқаррароти моддаи 30 қонун ашхоси зерин аз хизмати ҳарбӣ озоданд: беморон, онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд, онҳое, ки ҷиноят содир карда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳамчунин, онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё ин ки маъюби гурӯҳи I ва II гардидаанд, онҳое, ки дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд, дорандагони унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитат.

Зимнан, барои ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирандешӣ шуда, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар макотиби олиро доранд, ҳангоми супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешавад. Илова бар ин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷавононро пас аз хизмати ҳарбӣ бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Бояд гуфт, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав, мисли ҳар рӯйдоди дигари ҷомеа, бе интиқод намонд. Қаблан чунин андеша вуҷуд дошт: бигзор онҳое, ки хизмати ҳарбӣ кардан намехоҳанд, маблағ супоранд ва бо он маблағ ҷавононе, ки хоҳиши хизмат дар артишро доранд, ҳавасманд гардонида шаванд. Ҳоло бошад, назарҳои хилоф ба шакли дигар садо медиҳанд. Гӯё бо ҷорӣ гардидани хизмати ихтиёрӣ ё пулакӣ танҳо буҷети давлат ғанӣ гардида, дар пешрафти иқтидори мудофиавии мамлакат тағйир ба вуҷуд намеояд. Ҳол он ки мақсади аслӣ пурра ба омодагии ҳарбӣ фаро гирифтани ҳама шаҳрвандони синну соли даъватист.

Ният дар мавриди қабули қонун дар таҳрири нав нек аст. Минбаъд ҳар шаҳрванди синну соли даъватӣ қарзи шаҳрвандӣ — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро мекунад ва бовар ҳаст, ки дар ин замина иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият меёбад.

М. УСМОН,

 «Садои мардум»