Ёднома

Умре дар талоши сиҳатии мардум буд

№43 (3189) 28.04.2014

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!

Дар рӯзгор инсонҳое ҳастанд, ки тамоми умри худро ба нафъи дигарон, барои хушӣ, солимӣ ва беҳбудии зиндагии атрофиёну ҷомеа мебахшанд, мудом дар такопӯву талошанд, то ба мардум кори хайре кунанду манфиаташон ба ҳама бирасад. Қаҳрамони мо ҳам аз зумраи шахсоне буд, ки тамоми умри босамари худро барои таъмини солимиву вазъи тандурустии ҷомеа ва ҳар фарди Ватани азизамон бахшидааст. Ин шахси соҳибдил, нексиришт, хайрхоҳу давобахши дардҳои мардум фтизиоортопеди машҳур, номзади илми тиб шодравон Искандар Сулаймонов аст.

едИскандар Сулаймонов якуми майи соли 1935 дар ноҳияи Дарвоз дар оилаи устухонбанди мардумӣ чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ҳанӯз дар давраи тоинқилобии Тоҷикистон бобояш устухонбанди машҳури водии Дарвозу навоҳии атрофи Помир буд. Падару модараш ҳам бо ҳамин касб номвар буданд. Искандар аз овони ҷавонӣ дар дилаш меҳри табиб шуданро мепарварид. Соли 1952 ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Мавсуф донишҷӯйи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид. Шавқу завқи беандоза нисбати илми ҷарроҳӣ, аз ҷумла  нисбати осебшиносӣ ӯро иштирокчӣ ва навбатдори доимии дармонгоҳи ҷарроҳии бемористони низомӣ гардонид, ки тамоми ашхоси зарбу латхӯрда ва бемориҳои мавриди ниёзи ҷарроҳии фаврӣ аз ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва навоҳии атрофи Сталинобод ба он ҷо оварда мешуданд.

Ҳамин тариқ, Искандар Сулаймонов минбаъд идомадиҳандаи анъанаи оилавӣ – шикастабандӣ дар асоси илм гардид.

Искандар Сулаймонов фаъолияти меҳнатии худро баъди хатми факултети муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1958 дар бемористони ноҳиявии ноҳияи ҳамонвақтаи Ғарм ба ҳайси ҷарроҳ оғоз намуд. Соли 1960 ӯ бо маслиҳату мусоидати дотсент Б. Г.  Лакшина ба кафедраи осебшиносӣ ва ортопедии дармонгоҳи муолиҷавӣ дохил шуд. Худи ҳамон сол, бо ҳукми тасодуф, баъд аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз рӯйи бемории сил, ба аспирантураи ихтисосӣ аз рӯйи ихтисоси ҷарроҳии сили устухон ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии шаҳри Ленинград фиристода шуд, ки онро соли 1965 муваффақона бо дифои унвони номзади илм хатм намуда, ба ҷумҳурии азиз баргашт. Бинобар аз кор рафтани мудири кафедраи бемориҳои сил- профессор   Э.З. Серкина ва набудани роҳбари нав, Искандар Сулаймонов ба ҳайси муовини сардухтури бемористони сили дармонгоҳии ҷумҳуриявии № 1 оид ба қисми муолиҷавӣ ба кор фиристода шуд.

Искандар Сулаймонов дар Донишкадаи муолиҷаи ҷарроҳии шаҳри Ленинград (айни ҳол Санкт-Петербург) донишу малака ва омодагии ҳамаҷониба гирифта, соҳиби дараҷаи баланди духтури осебшинос шуд ва аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ бомуваффақият барои дар амалу таҷриба татбиқ намудани муолиҷаи беморони сили устухон бо истифодаи тадохули ҷарроҳии муосиртарин, аз ҷиҳати илмӣ асосноктарин ва таҷрибашуда оғоз намуд. Соли 1965-ро барҳақ метавон замони рушди  самти нави илмӣ-таҷрибавӣ дар муолиҷаи сили устухон шумурд.

Аз ҷониби Искандар Сулаймонов  аввалин бор дар таърихи тибби Осиёи Миёна истифодаи тадохули мураккабтарини фаврӣ ба сутунмуҳра, аз қабили тадохули трансторакалӣ, тадохули трансторакалӣ-чрездиафрагмавӣ, трансторакалӣ-экстраплевралӣ бо декомпрессияи мағзи сутунмуҳра оғоз карда шуд. Аз ҷониби ӯ аввалин маротиба ҳангоми осеб дидани буғумҳо истифодаи некротомияи берунӣ ва дохилибуғумии профилактикӣ ва радикалӣ-профилактикӣ бо мақсади нигоҳдошти анатомия ва вазифаи буғумҳо ҷараён гирифт. Ҳангоми тадохули муътадилгардонӣ аз тарафи эшон бори аввал истифодаи таҷҳизоти компрессионӣ-дистрактсионии собиткунии берунӣ (Илизаров, Гудушаура, Калмберзин) ба роҳ монда шудааст.

Искандар Сулаймонов ташкилотчии намоён, бо мафҳуми томаш олим буд, ки дар таҳия ва ҳалли мушкилоти зиёди авввалиндараҷаи сили ғайришуш, аз он ҷумла ташкили курси сили ғайришуш дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси соҳаи тиб, саҳми хоса дорад. Ӯ на танҳо ба ошкорнамоии шаклҳои барвақтии сили устухонҳо, балки ба шаклҳои дигари маҳдуди сили ғайришушӣ низ диққати ҷиддӣ додааст. Бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳову қобилияти бемислаш айни замон дар ҷумҳурӣ ягона бемористони бисёрсоҳавии махсусгардонида оид ба ташхис ва муолиҷаи беморони сили экстрапулмоналӣ амал мекунад, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, табибони баландихтисос дорад. Ҳамчун фарди боистеъдод ва шефтаи касби хеш, Искандар Сулаймонов тавонист мактаби ҳаммаслаконашро ташкил ва ҷавононро ба кори илмӣ ҷалб намояд. Таҳти раҳбарии ӯ табибони таҷрибакор корҳои илмии зиёдеро ба иҷро расониданд. Қисми зиёди шогирдонаш мутахассисони олии соҳиби донишу малака ва тамоми усулҳо дар ташхис ва муолиҷаи ин қабил беморон гардиданд. Маҳз бо ташаббуси ӯ шуъбаҳои торакалӣ ва гениталӣ, инчунин шуъбаи муолиҷаи беморони сили абдоминалӣ кушода шуд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аввалин бор аз тарафи ӯ дастгоҳи бурриши ултрасадоӣ, кафшер ва маҳкам кардани сатҳи устухонҳо истифода гардид. Инчунин истифодаи корди ҷарроҳии лазерӣ барои гузаронидани ҷарроҳии фаврии бехун барои беморони сили устухон низ аз ҷониби ӯ истифода шудааст.

Ӯ яке аз фаъолтарин иштирокчии анҷуману конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва ИҶШС (СССР) дар соҳаи бемории сил буд. Искандар Сулаймонов иштирокчии конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба бемории сил  ва истифодаи лазер дар ҷарроҳӣ, инчунин вакили Анҷумани аввалини табибони Иттиҳоди Шӯравӣ аз номи фтизиаторони ҷумҳурӣ буд.

Вай муаллифи беш аз 80 кори илмиву тавсияҳои батабърасидаи методӣ мебошад. Ӯ 19 пешниҳоди беҳсозӣ, аз ҷумла оид ба гираҳои (зажимы) махсуси лазерӣ, истифодаи УКЛ-40 дар ҷарроҳӣ ва дастгоҳҳои маҳкамкунии берунӣ ва ғайраро кардааст.

Шодравон Искандар Сулаймонов Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Барои хизматҳои шоёнаш бахшида ба 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин бо медали ҷашнӣ ва чандин ифтихорномаву мукофотҳо сазовор шудааст. Соли 1985 барои хизматҳои беназираш дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ва дар иртибот бо ҷашни 50 -солагиаш сазовори Ифтихорномаи Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва унвони «Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» гардид.

Ёду хотираи неки ӯ дар қалби наздикону ақрабо ва садҳо шогирдону бемороне, ки аз дасти ӯ шифо ёфтаанд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Маҳмудҷон Ализода, журналист