Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз

№22 (3972) 26.02.2019

чсмчБа сехи дӯзандагии воқеъ дар маркази деҳаи Деҳмойи ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов моро мудири бахши кор бо занон ва оилаи Ҷамоати деҳоти «Деҳмой» Талъат Осимова роҳнамоӣ кард.

- Марҳабохон яке аз чеварони гулдас­ти деҳа маҳсуб мешавад, — гуфт ӯ. Хусусан, дар дӯхтани куртаҳои арӯсӣ соҳибмаҳорат аст ва аксар духтарони деҳа дӯхтани куртаҳои арӯсиро ба ин кас дархост мекунанд.

- Вақте мактаби миёнаро хатм кардем, ҳамсинфон орзуҳояшонро баён карда, минҷумла гуфтанд, ки таҳсилашонро дар мактаби олӣ идома медиҳанду аз паи ҳунаромӯзӣ мешаванд. Чун аз ман пурсиданд, гуфтам, ки «чевар мешавам». Ҳамсинфон ҳайрон шуданд, ки чаро бо баҳои хубу аъло хонда, ба мактаби олӣ дохил намешавам. Ҷавоб додам, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ шавад, кӣ ба мардум хизмат мерасонад? — мегӯяд қаҳрамони матлаб.

Зиёда аз 20 сол аст, ки паи ин касб рӯзгори худро пеш мебарад. Чанд сол пеш зардӯзиро ҳам омӯхта, касбашро ба даҳҳо шогирд омӯзонид. Маҳсули дастонаш дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» борҳо ғолиби озмуну фестивалҳо шудаанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»