Қурбонов нафс дораду дигарон не? Ё мушкилоте, ки чор сол боз идома дорад

№92 (3729) 02.08.2017

Соли 2014 хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод ба Қурбонов Нуралӣ (сокини деҳаи Обисангбур) 100 га замин барои 130 cap чорвои майда, ду cap асп ва 10 cap гов ҷудо кард. Дар он қаблан сокинони деҳаи Обисангбур молҳояшонро мечарониданд. Н. Қурбонов бо гирифтани чарогоҳи мардум қаноат накарда, молҳояшро дар заминҳои дигари деҳа низ мечаронд. Соли 2015 саршумори молҳояшро зиёд кард ва баъзе  аз шахсон низ бо тариқи шартнома молҳояшонро ба ӯ супориданд. Акнун 700-800 cap моли майда ва гову аспонашро дар заминҳои хоҷагии ҷангал ва хоҷагии деҳқонии «Салим Иброҳим», ки ба маҳаллаҳои Обисангбур, Дова, Хоҷамард ва Карсанг тааллуқ доранд, мечаронад.

Мо, сокинони деҳаи Обисангбур, аз ин хусус ба хоҷагии ҷангал арз кардем. Раиси хоҷагӣ сарҷангалпарвар Ҳаким Боев ва як корманди Кумитаи заминсозиро барои ҳалли қазия ба деҳаи Обисангбур равон кард. Онҳо мавзеи ба Нуралӣ Қурбонов вобасташударо аз рӯи харита ба ӯ нишон дода, розигиашро гирифтанд ва дар санади тартибдодашуда ӯ низ имзо гузошт. Аммо Н. Қурбонов бо писаронаш ҳанӯз ҳам корашонро мисли пешин давом дода истодаанд. Ҳатто ба подабонҳои маҳал дағалона рафтор карда, барои молчаронии онҳо монеа эҷод мекунанд.

Дар чор сол борҳо комиссияҳо дар ҳайати кормандони хоҷагии ҷангал, кумитаҳои заминсозӣ ва муҳити зист, ҷамоат ва нозири минтақа ба сари замин рафта, дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуда қитъаи замини ба ӯ вобастаро ҷудо кардаанд, аммо ӯ ба касе итоат накарда, дигар мавзеъҳоро низ аз худ намудааст. Хуллас, соли 2016-ро мардуми деҳ бо ҷанҷол паси cap карданд. Соли 2017, низ бо ҷангу хархаша оғоз гардида, аз нисф гузашта бошад ҳам, ҷанҷол идома дорад.

Алҳол Н. Қурбонов қитъаи замини сокини деҳа Мирзоалӣ Азизовро (иборат аз 1 га) зӯран аз худ карданист. Ҳол он ки М. Азизов барои бунёди боғ дар ин қитъаи замин зиёда аз 100 бех ниҳол шинонда, атрофи онро симтӯр кашидааст. Он қитъаи замин дар масофаи 250 метр дур аз заминҳои Н. Қурбонов ҷойгир аст. Аммо ӯ худсарона 112 ниҳоли шинондаи М. Азизовро канда, симтӯрро вайрон ва молашро дохили он кардааст. Ин амалаш боис шуд, ки М. Азизов ва мардум аз болояш шикоят кунанд.

Акнун аҳолии деҳа намедонанд, ки молҳояшонро дар куҷо чаронанд. Аз масъулини дахлдор хоҳиш менамоем, ки аз рӯи инсоф, яъне тибқи қонун, ин муамморо ҳал намоянд.

И. Холиқов, С. Саидов, Р. Мирзоев ва дигар сокинони деҳаи Обисангбури ноҳияи Файзобод