Заминларзаи Қайроққум: 35 сол

Ваҳдате, ки оқибати офатро бартараф сохт

№127 (4233) 13.10.2020

1Тирамоҳи соли 1985 дар хотири мардуми вилояти Суғд, хусусан сокинони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров боқӣ мондааст. Шаби 13 октябр, соати 22:01 дақиқа заминларзаи сахт рух дод, ки маркази он деҳаи Қӯптулуқи шаҳри Гулистон ва Комбинати қолинбофии шаҳр буд.

Бино ба маълумоти расмӣ, заминларза харобии зиёд овард. Иншооти ҳаётан муҳим — корхонаҳо, идораҳо, манзилгоҳҳо вайрону валангор гардиданд. Бисёр одамон бе хонаву ҷой монданд. Аз 15000 нафар аҳолии шаҳр 8000 нафар бе манзили зист монданд, 40 кас ҳалок ва чандин нафар маъюб гардиданд.

Дуюмин коргоҳи азими саноатии вилоят – Комбинати қолинбофии Қайроққум аз ҳама бештар зарар дид. Тавре сарвари коргоҳ Абдумуталлиб Абдуллоев иброз дошт, 90 фисади корхона ба вайрона табдил ёфт. Комиссияи ҳукуматӣ ба хулоса омад, ки комбинатро барқарор кардан амри маҳол аст. Аммо ҷомеаи меҳнатӣ бо роҳбарии директор Неъмат Абдуллоев ва сармуҳандис Яҳё Азимов сарҷамъона оқибати офатро бартараф намуданд.

Коллективи 6000 — нафараи қолинбофон таи як моҳ корхонаро аз оҳанпораву бетонпораҳо тоза карданд. Иқтидори комбинат, ки соле то 2 млн. мукаабметр маҳсулот истеҳсол мекард, дар муддати кӯтоҳ барқарор карда шуд.

Собиқ директори генералии иттиҳодия Яҳё Азимов хотираҳояшро чунин баён кард:

- Аз заминларза 35 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он ҳаргиз аз ёдам намеравад. Он шаб баробари мудҳиш будан, шаби қаҳрамонӣ буд. Ҷӯрабой Ҷӯраев ном коргари ҷавонамон, ки аз оиладоршавиаш як ҳафта сипарӣ шуда буд, арӯс ва чанд ҳамкорашро наҷот дод. Вақте барои наҷот додани дигар коргарон рафт, болояш бетонпора афтод…

Заминларза таъсири манфӣ ба ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) низ расонд.

- Аз офат бештар ҷамоати Исфисору Қатаған, Қистақӯзу Ёва ва шаҳраки Консой зарар диданд, — навиштааст дар энсиклопедияи «Парвозгоҳи бузургон», номзади илмҳои таърих Ҳасанбой Шарифов. — Зилзила бисёр биноҳои маъмурию истиқоматӣ, муассисаҳои фарҳангию тандурустӣ, нуқтаҳои савдои хизмати маишӣ, хатҳои обу газ, алоқа, боғчаҳои бачагон ва мактабҳоро нобуд сохт. Хайрият аввали шаб, вақте рӯй дод, ки мардум бедор буданд, вагарна талафоти ҷонӣ бисёр мешуд

Шоҳидони ҳол ба хотир меоранд, ки чӣ тавр ба мардуми офатзада шаҳрвандон кумак карданд.

- Соате пас аз ҳодиса дар комбинат ҷамъ омадем, — ба хотир меорад сардори шуъбаи кадрҳои Комбинати қолинбофии Қайроққум Маҷидхон Рукниддинов, ки он солҳо вазифаи котиби ташкилоти комсомолии фабрикаи бофандагиро ба уҳда дошт. — Аз ҳисоби ҷавонон бригадаҳои махсуси наҷотдиҳандагонро таъсис дода, фавран ба баровардани одамон аз зери вайронаҳо пардохтем. Коргароне, ки аз ҳодиса ҷон ба саломат бурда буданд, ба мо пайвастанд. Яке аз онҳо борбардор Абдусамад Қаҳҳоров аст, ки он солҳо дар фабрикаи ресандагӣ кор мекард.

- Ҳама андармони кор будем, — дафтари хотираҳояшро варақгардон кард Абдусамад. — Ногоҳ таркиши сахте шуду замин ба ларзидан даромад. Худро ба берун гирифтам. Иддае зери дастгоҳу дигар таҷҳизот паноҳ бурданд, бо умеде, ки амон ёбанд. Аммо, афсӯс… Яке аз онҳо бофанда Фотима Болтуева буд. Дар пеши назари ман ба болояш плитаи бетонӣ афтод.

Оҳу нолаи ҳамкорони шаҳидам то ба ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳанд… Духтарчаи Фотима Болтуева ҳоло 37 — сола аст, ҳар сол 13 сентябр ба комбинат меояду модари ҷавонмаргашро ёд мекунад.

Ёвари усто Акбар Бобоев он лаҳзаи маҳшарро чунин ёдовар шуд:

- Аз ҳуш рафтам. Аввалин чизе, ки баъд аз ба ҳуш омадан дидам, ситораҳои осмон буд. Поям вазнин, бардошта натавонистам. Фаҳмидам, ки болои шикамам пораи плитаи бетонӣ афтодааст. Гӯё касе ба камарам корд зада бошад. Дарди ҷонкоҳ сахт азобам медод. Кӯшиш кардам худ­ро аз зери бетон кашида гирам. Аммо имконнопазир буд. Бо чашми сар дидам, ки ҷон барои одамизод чӣ тавр ширин будааст. Фарёди одамон гоҳо ба гӯшам медаромад. Аз дарди сахт боз аз ҳуш рафтам. Худро дар беморхонаи шаҳрӣ ёфтам. Рафиқонам гуфтанд, ки маро базӯр аз зери плитапора кашида гирифтанд. Маълум гардид, ки камари маро пораи арматура шикофта, ба гурдаву сутунмуҳра осеб расонидааст. Якчанд сол маҷруҳ будам. Се сол баъд аз ҳодиса «ту сиҳат шудӣ», — гӯён маҷруҳиямро бекор карданд. То ҳол дарди миёну гурда ва сутунмуҳра гоҳ — гоҳ хурӯҷ карда, манзараи даҳшатбори шаби 13 октябри соли 1985 ба хотирам меояд…

2Барои аз нав бунёд кардани Қайроққуми харобгашта аз ҷумҳуриҳои умумииттифоқ сохтмончиёни отряди «Дӯстӣ» дар ҳайати 300 нафар омаданд.

- Танҳо дар деҳаи Қатаған (Зарзамин) аз ноҳияи Кирови вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 200 усто кор мекарданд, — навиштааст муаррих Ҳ. Шарифов. — Андаке пас ба ҳашарчиён бинокорон аз Ҷиззаху Қаршӣ омада пайвастанд. Ҳукумати вақти Қазоқистон ба Хуҷанд ташкилотҳои сохтмонии шаҳри Ҷамбулро вобаста намуд, ки онҳо баробари рафъи оқибатҳои зилзила дар шаҳраки Ғафуров биноҳои панҷошёнаи замонавӣ сохтанд. Рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятиву маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ мавзӯъро пайгирӣ мекарданд. Аз навиштаҳои онҳо рафоқат ва ваҳдати халқҳои ИҶШС баръало аст:

- Заминҷунбӣ соати 10-и шаб ба амал омад, пагоҳӣ ба штаб аз республикаҳои бародарии Ӯзбекистону Қирғизистон гуфтанд, ки ба ёрӣ тайёранд. Аз Самарқанд бо самолёт хайма, аз Қирғизистон юрта (хонаи чӯпонӣ) оварданд. Аз Ӯротеппа, Исфара, Конибодом, Пролетар ва Панҷакент низ ёрӣ расид. Ҳоло шумораи онҳоеро, ки ба офатзадагон дасти ёрӣ дароз кардаанд, ҳисоб кардан душвор, — навиштаанд журналистон Ғ. Ҳакимов ва В.Тарасов таҳти унвони «Дар рӯзи душвор-дасти дӯст мададгор», ки дар шумораи 200-уми рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда» дарҷ гардидааст.

«Гурӯҳи калони бачагони Қайроққумро лагери пионерии умумиттифоқии «Артек» қабул намуд. Гурӯҳи дигарро барои таҳсилу истироҳат ба шаҳри Одесса фиристоданд», — навиштаанд рӯзноманигорон Файзуллохоҷа Атохоҷаев ва Борис Фрейдкин, ки дар шумораи 203-и рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда» аз 23 октябри ҳамон сол чоп шудааст.

- Дар давоми моҳҳои октябр — декабри соли 1985 чӯбу тахтаро, ки фонди солонааш 8 ҳазор мукааб­метр буд, ҳашт карат зиёд гирифтем, — гуфт зимни суҳбат доктори илмҳои иқтисод Манон Ҳусейнов, ки он солҳо муовини сардори Раёсати Иттифоқи матлуботи вилоят буд

Зимни омӯзиши ҳодиса маълум гардид, ки кумаки ҷумҳуриҳои умумииттифоқ дар он шабу рӯзҳо самаранок истифода нашудааст:

«Мутаассифона, мо натавонистем аз ҳиммати ҷамоҳири бародар дуруст истифода барем. Дар маҳалҳо, масалан дар Қистақӯз баъзе аз роҳбарон хостанд ҳаҷми зарарро камтар нишон диҳанд. Қариб буд аз гирифтани кумаки пешниҳодшуда худдорӣ карда, манзилҳои вайроншударо бо қувваи аҳолии абгор барқарор намоянд. Чунин рафтор боиси норозигӣ ва қаҳру ғазаби сокинон гардид. (Ҳ. Шарифов, «Парвозгоҳи бузургон», саҳ. 140, с. 2002)».

Ягона хотира аз он офат марқади ёдгорӣ дар саҳни ҳавлии комбинати «Қолинҳои Қайроққум» боқӣ мондааст, ки дар рӯи тахтасанг номи 29 нафар қурбониён сабт аст. Тоҷику рус, тотору ӯзбек, чувашу қазоқ ва куриёгӣ, яке бофандаву дигаре ресанда, сеюмӣ шогирди қолинбоф.

Чун ба рӯйхати шаҳидон назар афканем, дармеёбем, ки калонсолашон Обида Каримоваи 57 — сола буд. Ҷавонтаринашон Инобат Ғаффороваи 19 — сола, ки мебоист ҳафтае пас чодари арӯсӣ ба сар мекард. Вера Фёдорова, Марям Шарифова, Майсара Ҳоҷибоева, Муродҷон Мамадҷонов ва Майрам Шарифова, ки аз баҳори 20-уми умр гулҳои мурод мечиданд, орзуву омолашонро ба хок бурданд.

35 сол аст, ки роҳбарияти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» чорабинии поси хотир мегузаронад. Фоҷиа ду ҷанбаи муҳимро барои мардум яқин сохт: якум мустаҳкам будани дӯстиву бародарӣ ва ваҳдати халқҳои ИҶШС. Дуюм, насибу тақдирро, ки аз он ҷойи гурез нест.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»