Ваҳдати миллӣ бояд ба фарҳанги устувори ҷомеа табдил ёбад

№ 20.06.2016

14 июни соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону  коршиносон,  сафоратхонаҳои муқими пойтахт ва воситаҳои ахбори омма конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» баргузор шуд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ қувваи тавонои созанда,  муҳимтарин дастоварди таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии мо ба шумор меравад.

Натиҷаи сулҳу ваҳдат буд, ки давлати мо ҳифз шуд, миллат аз вартаи нобудӣ наҷот  ёфт, мардум ба зиндагии осоишта расид, сохтори давлатӣ шакли  комили худро  гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои мардуми мо азизу муқаддас аст.

- Давраҳои хеле мудҳишу мушкилро  халқи мо аз сар гузаронд, вале бо иродаи худи мардум ва мадади дӯстон ин мушкилотро паси сар намудем,- андешаронӣ намуд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар ва афзуд: -Мо тавонистем дар муддати хеле кӯтоҳ бо пойдории сулҳу ваҳдат кишварамонро ба давлати пешрафтаю обод  табдил диҳем.

Бо баргузории чунин ҳамоишҳо мехоҳем роҳҳои истиқрори ваҳдати миллиро дар кишвар пайдо намоем. Ҳолат ва хатарҳоеро, ки ба ваҳдати миллӣ таҳдид менамоянд, ҳамаҷониба мавриди омӯзиш  ва таҳлил қарор диҳем, то аз нуқтаи назари  стратегӣ баҳогузорӣ карда тавонем.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафаров яке аз  омилҳои асосии таҳкими ваҳдати миллиро ба сиёсати дурусти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ марбут донист ва ду иқдоми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол  овард:

- Моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул шуд, ки ҷузъи таркибии сиёсати ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунгузорӣ ба шумор меравад,- гуфт ӯ ва афзуд:

- Дигар иқдом дар арафаи солгарди ваҳдати миллӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани он мебошад. Дар сатҳи баланд баргузор гаштани раъйпурсии умумихалқӣ бори дигар ваҳдату ризоияти миллиро нишон дод.

Иштирокчии раванди музокироти сулҳи тоҷикон, профессор Абдунабӣ Сатторзода хотиррасон сохт, ки мо дар он давраи душвор кӯшиши зиёд намудем, то ваҳдати халалдоргаштаамонро аз нав  барқарор намоем. Баъди имзои Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таҳкимбахшии ваҳдати миллӣ машғул шудем. Имрӯз низ авзои ҷаҳон инро тақозо дорад.

Дар ин замина дастовардҳои назаррас дорем. Хусусан бо ташаббус ва иқдоми Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоту сохторҳои давлатӣ дар роҳи истиқрори сулҳу субот корҳои зиёд ба анҷом расонда шудааст. Аммо корҳои анҷомнаёфта барои пойдории сулҳу ваҳдат ҳанӯз хеле зиёданд.

Дуруст аст, ки дар бораи  истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби олимону  шахсиятҳои шинохта, дипломатҳо асарҳои зиёди ҷолиби диққат таълиф шудаанд. Аммо  ин кофӣ нест. Баъзе чорабиниҳо мавсимӣ ба ҷо оварда мешаванд.

Манбаъ ва аснод доир ба истиқрори сулҳу ваҳдати тоҷикон парешон буда, дар дасти шахсони алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Лозим аст, ки онҳоро барои омӯзишу тадқиқот ҷамъ  оварем.

Баъзан нафароне ба  таълифи мавод даст мезананд, ки доир ба ин масъала чандон огоҳӣ ва маълумот надоранд. Асарҳо бояд бо истифода аз манбаъҳои боэътимод таълиф шаванд.

Дар конфронс, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини директори  Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода ва чанде дигарон маърӯза карданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»