Ваҳдати миллӣ ва болоравии мавқеи зан дар ҷомеа

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Фото-голубейБо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан — модар дар ҷомеа ҷойгоҳи арзанда ва шоиста касб намуд. Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни шохаҳои ҳокимият — қонунбарор, судӣ ва иҷроия, инчунин дар сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо дарки масъулият фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон нақши зан-модарро дар ҳаёти имрӯзаву ояндаи башарият ниҳоят муҳим дониста зикр кардаанд: «Бо эътирофи бузургону мутафаккирони олам, зан — модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад».

Набояд фаромӯш сохт, ки аз оқибатҳои даҳшатбори муноқишаҳои дохилӣ беш аз ҳама занону модарон азияти рӯҳӣ диданд. Аз даст додани ҷигарбанд ва саробонҳои оила дар он рӯзҳои мушкил барои модарони мушфиқу ғамхор зарбаи ҷонкоҳ ва талафоти бузурги ҷуброннопазир овард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ дастгирии ин қишри ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъ самти афзалиятнок қарор дод. Бо мақсади таъмини иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёд қабул шуданд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ­ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ нақши муҳим доранд. Дар робита метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016 – 2020»-ро номбар кард.

Занону бонувони тоҷик аз он ифтихорманданд, ки дар аксар суҳбату вохӯриҳо Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоии занон дахл карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои фаъолияти онҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххасу асоснок ба миён мегузоранд. Ҳар сол ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар дар маросими бошукӯҳ суханронӣ намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар ­Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи ин гуфта аст.

Ҳамчунин, як бахши муҳими Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии кишвар низ дастгирии занон ташкил медиҳад. Месазад қайд намуд, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд. Чунин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб шаванд. Ҳамчунин бо мақсади ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизмат­расонӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ Сарвари давлат дастур доданд, ки минбаъд ба ин соҳаҳо ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасбро даъват намоянд, то тартибот боз ҳам тақвият ёбад.

Яке аз арзишмандтарин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон ҷудо намудани Квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардидани онҳо мусоидат намуд. Ба таъкиди Сарвари давлат, аз соли 1997, яъне аз оғози ҷорӣ гардидани квотаҳои президентӣ, беш аз ёздаҳуним ҳазор духтар ба мактабҳои олӣ дохил шуда, имрӯз 8 ҳазору 900 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Дар бисту панҷ соли истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбиро қариб 360 ҳазор духтар хатм карда, ҳоло дар мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ 115 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ қариб 5 ҳазор духтар таҳсил мекунанд.

Зимни суханронии хеш дар маросими таҷлили имсолаи Рӯзи Модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, таъкид карданд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад».

Рақамҳои боло далели возеҳи онанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиб барои боло рафтани мавқеи зан фароҳам шудааст, ки дар ҷаҳон назир надоранд.

 Наргис ХОҶАЕВА,

муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон