Нуқтаи назар

Вақте ки ҷаҳл маърифат пиндошта мешавад…

№116 (4066) 28.09.2019

Сабаби бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми сайёра меоянд, асосан ҷаҳолат, бенавоӣ ва ихтилоф аст. Ба ибораи дигар, инсоният се душмани асосӣ дорад, ки бояд ба муқобилашон бо донишу маърифат ва ваҳдату иттифоқ мубориза барад. Вале афсӯс, ки муборизаҳо чандон чашмрас нестанд ва барои рафъи душманони инсон саъю талошҳо нокифоя мондаанд.

Пайдост, ки ин се мараз ба олами мусулмонӣ бештар асар гузоштааст ва чоҳи бетаги ҷаҳолат барои ташаккули «Алқоида», «Боко ҳаром»-у «Шубоб», «Толибон», «Давлати исломӣ» ва даҳҳо гурӯҳу шабакаҳои бадӣ замина муҳайё кардааст. Дардовар ҳам он аст, ки даҳшату зишткории гурӯҳҳои террористӣ ба ислом нисбат дода мешаванд. Биёед аз худ бипурсем: оё ҳар нафаре, ки ба сар тоқӣ мегузорад, мусулмон аст? Агар риш монад, муъмин мешавад? Ё ҳар зане, ки сатр пӯшид, диндор аст? Не, албатта. Агар гургро пӯсти гӯсфанд пӯшонанд ҳам, гург хоҳад монд. Қассоб агар хилъати сафед пӯшид, маънои онро надорад, ки табиб аст. Ё хилъати кории муҳандисро ба бар кардани байтор далели ба кори дастгоҳу таҷҳизот сарфаҳм рафтани ӯ нест.

Агар касе гӯяд, ки ман мусулмонам, бовараш мекунанд, зеро бо забон тасдиқ кардааст. Дар масъалаи мансубияти динӣ баён ё ифода асос аст. Пас, амали ғайриинсонии ҳар мусулмони «расмӣ»-ро ба ислом нисбат додан дуруст аст? Магар террорист мусулмон буда метавонад? Ҷоҳилу мутаассиберо, ки аз аслу арзишҳои дин хабар надорад, аммо «шиноснома»-и мусулмониро ба худ сипар карда гаштааст, мусулмон номидан мумкин аст? Фарз кардем, 500 гург пӯсти гӯсфанд пӯшида, ба даст байрақи гӯсфандонро гирифтанд, оё метавон онҳоро галаи гӯсфандон гуфт? Пас он авбошҳои бераҳму хунхореро, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро байрақ карда гаштаанд, мусулмон гӯем?

Ба ибораи дигар, ҳар киро бунёдаш бад аст, ӯро либоси зебо зинат намебахшад. Зимнан, ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна баёнгари он аст, ки минтақа аз рӯҳи дин батамом бехабар аст. Балки он ба майдоне табдил ёфтааст, ки гоҳе инсонҳо мунофиқвор амал мекунанд, гоҳи дигар дасташон ғарқи хун беибо мегарданд. Вақте ки мусулмонии зердастон чунин аст, забардаст ҳатман ба Фиръавн ё Намруде табдил меёбад.

Барои онҳое, ки бо тақозои сарнавишт дар ин ё он кишвари Ховари Миёна ба дунё омадаанд, дин танҳо як одат ҳисоб мешавад. Одате, ки аз шакл ва зоҳир иборат аст. Онҳо дин гуфта танҳо ба шаклу зоҳир диққат медиҳанд, на ба рӯҳу маънӣ. Онҳо агар дар ягон мамлакати дигар ба дунё меомаданд, бегуфтугӯ, бо ин хислатҳояшон дузду роҳзан, ғоратгарони бонк ва авбош­ҳои кӯчагард мешуданд. Вале чун дар ботлоқи ҷаҳлу бенавоии Ховари Миёна таваллуд шудаанд, танҳо аъзои ДИИШ мешаванду пайрави «Алқоида». Дар Африка, ки таваллуд шудаанд, пайрави «Боко ҳаром» гашта, авбошиашонро бо дин мепӯшонанд.

Мешавад пурсид, ки кадом рафтори ин касалмандони бедаво дар дин ҷой дорад? Оё дар ояҳои «Қуръон» ва ҳадисҳои Паёмбар (с) муҷозоти бепурсупос ҳаст? Ба инсонҳо зулмро раво дидан ҳаст? Оё қатли дастаҷамъонаи инсонҳо ҷо дорад? Худкушӣ ё ин ки худро инфиҷор додан дида мешавад? Оё куштан ва зинда сӯзондани инсонҳоро, сарфи назар аз зан ё кӯдак буданашон, шоҳид шудаем? Ҳаргиз не!

Бо ин фармудаи Паёмбар (с), ки ҳатто «дар ҷанг ба барҷомондагон, занҳо, кӯдакон, рӯҳониён ва маъбадҳо зарар нарасонед, дарахтонро насӯзонед, гуфтааст, ҳайвонҳоро озор надиҳед ва сарватҳоро хароб насозед!» гуфтааст, кадом қатли оми «Алқоида» ё «Толибон»-ро шарҳ додан мумкин аст?

Он харобкороне, ки ҳайвонҳоро пахш карда, биноҳоро сӯзонда, марказҳои савдоро таркондаанд, оё мумкин аст, ки ба он дастури муқаддаси «Қуръон»: «Касе, ки як нафарро ба ҳалокат мерасонад, гӯё тамоми инсонҳоро куштааст. Касе ки ҳаёти як нафарро наҷот диҳад, гӯё ҳаёти тамоми инсонҳоро наҷот додааст», бовар дошта бошанд?

Онҳое, ки ба ояти «Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро намекашад», бовар доранд, магар мумкин аст, ки худро «фидоӣ» гуфта, ба баданашон бомба гузоранду инсонҳои бегуноҳро аз зиндагӣ маҳрум созанд?

Вале агар рафту худкуш насронӣ бошад чӣ (албатта, террорист дин надорад ва ин нукта борҳо зикр шудааст)? Аз ин лиҳоз, агар як насронӣ ба террор даст занад, амали зишту нангини ӯро наметавон ба дини насронӣ рабт дода, «террори насронӣ» ё «террористони насронӣ» номид.

Бале, чунонки ҷангҳои салибӣ ҳеҷ иртиботе ба дини овардаи ҳазрати Исо (а) надоранд, терроризм ҳам ба дини ҳазрати Муҳаммад (с) дахле надорад. Хулласи калом, он гуна ки дар рӯи Замин инсонҳои фариштахӯ мавҷуданд, қаллобу роҳзантабиатон ҳам ҳастанд. Ҳангоми даст ба ҷиноят задани қаллобону роҳзанҳо ҳар китобе, ки ба дасташон афтод, аз он сӯи­истифода мекунанд. Агар он харобкорони аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ки аз номи ислом баромад мекунанд, дар замони Паёмбари акрам (с) мешуданд, бо эҳтимоли зиёд, дар қатори мушрик ва ё мунофиқон ҷо мегирифтанд. Чаро ки мақсади онҳо на дин, балки истисмори сиёсӣ аст. Балои бузургтарин барои ислом ба хотири манфиат динро олоти сиёсат кардани инсонҳост. Бетардиду дудилагӣ амалҳои террористиро лаънат хондан бошад, вазифаи аслии мусулмонон аст. То мусулмонон мувофиқ ба арзишҳои мусулмонӣ зистанро асос қарор надиҳанд, амали зишти ҳар як мутаассиби харобкор ҳамчун ханҷаре ба синаи ислом халидан мегирад.

Яъне, мусулмон фиребгар, ҳаққи мардумхӯр, роҳзану қаллоб, сӯдхӯру порагир ва мардумозор намешавад. Як нафар агар ин хислатҳои бадро дошта, боз даъвои мусулмонӣ кунад, пас мусулмониаш даҳҳо ва садҳо ҳазор бор шубҳаовар аст, балки мусулмон нест.

М. УСМОН,

«Садои мардум»