Вахш. Мушкилоти чандинсолаи фарҳангиён кай ҳал мешавад?

№80 (4030) 04.07.2019

IMG_20190622_215802Набудани қасри фарҳанг, осорхона, фарсуда будани асбобҳои мусиқӣ, клубу китобхонаҳои таъмирталаб ва дастгирии молиявӣ наёфтан аз мушкилоти асосии соҳаи фарҳанги ноҳияи Вахш ба ҳисоб меравад.

Мудири бахши фарҳанги ноҳия Бунафша Нусратуллозода зимни суҳбат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки солҳост соҳаи фарҳанг ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Мушкили асосӣ набудани ҷойи мувофиқ барои фаъолият мебошад.

- Соле қабл ҳангоми мулоқоти собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинони ноҳия ин масъаларо дар миён гузоштем, — мегӯяд Бунафша Нусратуллозода. — Ӯ ба масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф кардани масъала дастур дод. Аммо то кунун он ҳалли худро наёфтааст.

Аз набудани бинои осорхона экспонатҳои таърихӣ дар манзили зисти корманд, дар шароити номувофиқ қарор доранд.

Вақте ки аз мушкилоти мавҷуда масъулини Вазорати фарҳанги кишвар огоҳ шуданд, посух омад, ки бояд то соли 2021 дар ноҳия қасри фарҳанг ва осорхона сохта шавад.

Тадбири ахире, ки дар робита ба масъалаи мавриди назар андешида шуд, ирсол гардидани мактуб аз номи раиси ноҳия ба раиси вилояти Хатлон бобати аз мувозинаи Муассисаи давлатии «Тоҷиккино» ба тавозуни бахши фарҳанги ноҳия гузаронидани биноест, ки дар он фаъолият доранд.

- Агар ин пешниҳод дастгирӣ ёбад, барои беҳтар фаъолият кардан замина фароҳам меояд, — гуфт Бунафша Нусратуллозода.

Мутаассифона, ин мушкили ягонаи соҳаи фарҳанг набуда, 3 клуби фарҳанг ва беш аз 10 китобхона ба таъмири ҷиддӣ ниёз дошта, як клуб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Мушкили дигаре, ки аҳли фарҳанги ноҳияро сахт нигарон кардааст, нарасидан ва фарсуда будани асбобу таҷҳизоти торию нафасию барқии мусиқӣ мебошад.

- Аксари асбобҳои мусиқӣ аз солҳои пеш боқӣ монда, қисмати зиёдашон корношоям аст. Бо онҳо дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ ва иду ҷашнҳоро талаб мекунанд. Доир ба ин вазъ борҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мактуб ирсол намудаем, аммо мушкил то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои панҷмоҳа дар вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки аз 91 корманди соҳаи фарҳанги ноҳияи Вахш 5 нафар маълумоти олии касбӣ доранд. Аммо мудири бахши фарҳанги ноҳия мегӯяд, ки дар ин соҳа 91 не, балки 114 корманд фаъолият доранд. Аз онҳо 21 нафар бо маълумоти олии касбӣ, 25 нафар бо маълумоти олии ғайрисоҳавӣ ва 36 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ пайи адои вазифа ҳастанд.

Муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Савсан Шарифзода масъулияти омори ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳодшударо ба уҳда гирифт ва гуфт:

- Аз раёсат ба ман супориш шуд, то вазъи бахши фарҳанги ноҳияи Вахшро баррасӣ ва ҳисобот пешниҳод кунам. Дар вақти санҷиш аз бахши фарҳанги ноҳия маълумоти лозимаро пешниҳод карда натавонис­танд. Маҷбур шудем аз ҳисоботи пешниҳодкардаи онҳо дар семоҳаи қаблӣ истифода намоем, — гуфт ӯ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бо аҳли зиёи кишвар борҳо қайд намудаанд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волояш мешиносанд. Ба ин соҳа таваҷҷуҳи Пешвои миллат қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, аҳли фарҳанг аз дастгирии мунтазам бархӯрдоранд. Бо дарназардошти ин нуктаи муҳим масъулини Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, Вазорати фарҳанг ва Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои рафъи мушкилоти зикршуда чораҷӯӣ намоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»