Ванҷ. Эҳёи дубораи коркарди санги мармар дар Даштак

№109 (3589) 20.08.2016

Баъди танаффуси чандсола истихроҷи санги мармар дар мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ аз нав роҳандозӣ гардид. Ин иқдоми нек бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шуд.

Кони мармари мавзеи Даштак дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он шуҳрат дошт. Солҳое, ки он бо иқтидори пурра фаъолият мекард, дар он то 100 нафар кор мекарданд. Маҳсулоти он асосан дар ороиши майдону иншооти маъмурию фарҳангии шаҳри Москва ва дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мешуд.  Бинобар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта корхона аз кор монд. Маҳсулоташ, ки дигар ба фурӯш намерафт, оҳиста — оҳиста дастгоҳҳои сангтарошӣ низ хароб гардиданд.

Сафари кории Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ корхонаро умри дубора бахшид. Соли 2015 Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ ба соҳибкорони муваффақи ноҳия дастур дод, ки барои ба кор андохтани кони мазкур чораҷӯӣ намоянд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаҳонгир» ин вазифаи масъулиятнокро ба зимма гирифта, аз моҳи феврали соли равон аз Чин таҷҳизоту техникаи муосирро дастрас кард. Ба   ғайр аз ин, ҷамъият бо корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон «Технологияи асри ХХI» шартнома баста, дар ин замина корхонаи мазкур барои коркарду буриши санги мармар ҷамъиятро бо дастгоҳҳои муосир таъмин намуд. Аз даҳаи аввали моҳи март ҶДММ «Ҷаҳонгир» бо иқтидори пурра ба истихроҷу коркарди санги мармар оғоз кард.

Айни ҳол аз ин кон моҳе то 150 метри кубӣ санги мармар истихроҷ мекунанд. Маҳсулоти корхонаро ташкилотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар харидорӣ менамоянд. Аз ин ҳисоб ҷамъият 270 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол даромади корхона низ меафзояд. Ба гуфти сардори корхона Шодмон Абдусаломов, ба наздикӣ бо як ширкати сохтмонии чинӣ шартнома ба имзо расонда шуд, ки тибқи он ин ширкат аз моҳи июн харидории маҳсулоти тайёрро аз ҶДММ «Ҷаҳонгир» ба роҳ мемонад. Корхона то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ истеҳсоли ҳармоҳаи санги мармарро то ба 200 метри кубӣ расониданист.

Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо танҳо як намуд маҳсулот, яъне тахтасангҳои мармар истеҳсол мешуд. Ҳоло бошад, дар назди кони мармари Даштак корхонаи дигар — ҶДММ «Мармар-стоун» ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки аз хока ва пасмондаҳои санг маҳсулоти гуногуни бинокорӣ тавлид мекунад.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»