Ванҷ. ободкорӣ вусъат меёбад

№136 (3616) 03.11.2016

ванчДар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова андешаҳояшро дар робита бо дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ба тариқи зайл баён дошт:

- Дастовардҳои солҳои соҳибис­тиқлолӣ хеле назаррасанд. Фақат дар рӯзҳои сафари 54 — уми Роҳбари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон дар ноҳия чанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тӯли як сол дар Сурхсангов пуле ба истифода дода шуд, ки арзиши он ба 27 миллион сомонӣ баробар аст.

Кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шахсан Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия беҳтар шуд. Дар натиҷаи тат­биқи барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои боғдорӣ, паранда ва занбӯриасалпарварӣ, сол то сол зиёд намудани майдони кишти картошкаю сабзавот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсоли онҳо, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сарчашмаҳои маб­лағгузории давлатӣ, ҳалли масъа­лаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, бунёди роҳҳои мошингард, беҳтар намудани нигоҳдории онҳо ва рушди деҳот, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ иқтисодиёти ноҳия нисбат ба соли 2000 дар соли 2014-ум 5,6 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 2013 — 2014-ум 110 миллиону 957 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2007 ду баробар зиёд аст.

Тайи солҳои 2008-2014-ум 105 гектар замини нав аз худ шуда, дар 110 гектар боғи нав бунёд гардид. Танҳо дар соли 2015-ум 18 гектар боғи нав бунёд ва 25 гектар боғ барқарор карда шуд.

Аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳия сехи чӯҷабарорӣ ташкил ва дар се соли охир зиёда аз 20 ҳазор чӯҷа бароварда шуд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 гектар замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд барои сохтмони манзил ҷудо гардид ва бо ин роҳ зиёда аз 140 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳия солҳои наз­дик амалӣ гардад.

Маҳз дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвар Ванҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт. Пули мошингарди байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маб­лағи 11 миллиону 460 ҳазор сомонӣ бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Дар ин давра пулҳои мошингарди деҳаҳои Хаспо, Техарв, Сурхсангов, Бунай, Гишхун пурра таъмир гардида, пули мошингарди Дуршер ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад, дар манотиқи Бадахшон корҳои зиёд анҷом ёфтанд. Ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ моро сол ба сол ба ин ҳадаф наздик месозад.

- Бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ 3 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 760 кВт/соат, НБО «Ванҷ — 2» бо маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бо иқтидори 900 кВт/соат мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло сохтмони НБО дар деҳаи Мотравни деҳоти «Язгулом» ба маблағи 3 миллиону 305 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Имрӯз таъминоти барқ ба аҳолӣ муътадил аст. Воситаҳои нави коммуникатсионӣ, чун интернет, алоқаи мобилӣ, шабакаҳои нави алоқаи байналмилалӣ на танҳо барои муошират ва мубодилаи афкор, балки чун воситаҳои нави иттилоотӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Мардум аз тамошои барномаҳои чор шабакаи телевизиони Тоҷикистон бархӯрдоранд.

Дар ин давра дар ноҳия бо истифода аз манбаъҳои маблағгузорӣ бо дарназардошти лоиҳаҳои инвес­титсионӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ гардидаанд, 122 иншооти хурду бузург ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф 33 иншоот бо маблағи 22 миллиону 940 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 24 иншоот — 4 миллиону 51 ҳазор сомонӣ, роҳсозӣ ва сохтмон 25 иншоот бо маблағи 55 миллиону 255 ҳазор сомонӣ, дар бахши иҷтимоӣ 20 иншоот — 1 миллиону 79 ҳазор сомонӣ, дар самти обёрикунии заминҳо ва соҳилмустаҳкамкунӣ 16 иншоот бо маблағи 4 миллиону 315 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи саноат 4 иншоот бо маблағи 3 миллиону 860 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг аз сарчашмаҳои гуногун, махсусан аз Буҷети давлатӣ, маблағҳои калон равона мешаванд.

Ташрифи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар соли 2015 рӯйдоди муҳимест, ки баҳри густариши соҳаҳои гуногун заминагузор хоҳад шуд. Зимни ташриф Роҳбари мамлакат иншооти муҳимро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, санги асоси иншооти дигарро гузошта, баҳри ривоҷи корҳои ободонӣ дастуру супоришоти мушаххас доданд.

Ҳоло дар ноҳия сохтмони филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», пули мошингузари Ҷовидон-Патов ва ғайра идома дорад.

Соли 2015 барои сокинони Бадахшон навгонии зиёдро ба бор овард. Бо иштироки Президенти кишвар дар деҳоти «Рованд» лентаи рамзии Корхонаи коркарди равғани ангати «Васила» ва дар деҳаи Вишхарвак маҷмааи сайёҳии соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов бурида шуд. Ташрифи Пешвои миллат ба Ванҷи боло барои мардум таассуроти амиқ ­гузошт, ки дергоҳ аз хотир зудуда нахоҳад шуд. Мардум дар фазои озод бо Сарвари давлат суҳбат карданд ва барои дастгириву ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

 Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»