Ванҷ. Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд

№27 (4133) 29.02.2020

вапвапАз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои инкишофи ҳунарҳои анъанавӣ дар деҳот заминаи боэътимод гардид. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ванҷ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло дар деҳот  ҳунарҳои бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ресандагӣ, тоқидӯзӣ, гулзаниву  сабадбофӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, гаҳворасозию табақтарошӣ ривоҷ ёфта истодаанд. Хусусан, ҳунари табақтарошӣ дар Ванҷи Боло бештар рушд кардааст.

Соли 2018, зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ боздид намуда, бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки ба маъраз гузошта шуд, шинос гаштанд. Президенти кишвар ба ҳунари табақтарошон баҳои баланд дода, барои ривоҷи ин ҳунари аҷдодӣ, ки мояи ифтихори ҳунармандон маҳсуб меёбад, дастур доданд. Дар  асоси он дар ноҳия корхонаҳои нав  ба фаъолият оғоз ва маҳсулотро пешкаши  мизоҷон намуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соли 2019 ду корхонаи оҳангарӣ ­бунёд гардид, ки сокинон ба маҳсулоти онҳо ниёз доранд. Аз қадим мардуми Ванҷ бо усули хос оҳанро гудохта, аз он олоти рӯзгор месохтанд. Маҳсули дасти оҳангарони Ванҷро  ба Хоруғ, Рӯшон, Язгулом, Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон  мебурданд.

Пайшамбе ШОҲЗОДА, «Садои мардум»