Ба истиқболи 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ватандӯст бошему хештаншинос

№80 (3560) 23.06.2016

Ба ҳама маълум аст, ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин рӯзи саид халқи тоҷик кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо  бузург аст, ки ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, Пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризояти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дод ва мардумро муттаҳиду суботи сиёсиро тақвият бахшид. Нодида гирифтани хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надоштани арзишҳои муқаддаси соҳибистиқлолии давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукрӣ кардан гуноҳ буда, ватандӯстӣ як пояи имондорист.

Таърих исбот намудааст, миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намоем.

Талқин намоем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама, дӯст доштани Модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Дар ин маврид мукаммал намудани арзишҳои ахлоқӣ лозим меояд. Дар ҳама дин, алалхусус дини мубини ислом, ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд. Ҳадафи ибодат низ соҳиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусалмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусалмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Ва муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».

Биноан, вақти он расидааст, ки тарзу воситаҳои дурусту муассири тарбияи ахлоқиро ба кор барем. Дар хотир бояд гирифт, ки таъсири ахлоқи бад зиёд аст ва баъзан онро тарғиб низ мекунанд.

Эътироф бояд кард, ки то андозае аз китоб – раҳнамои беминнат дур шудаем. Натиҷа ҳамин аст, ки бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд.

Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа басо назаррас буда, онҳо унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Аз ин нуқтаи назар, фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй бошад.

Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ ва фаъолият  дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату фидокориҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин хотир, бояд бештар мутолиа намоянд, мушоҳидакор бошанд ва бо назари нек барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошанд. Онҳоро ҳушёрӣ ва ору номуси меҳандорӣ мебояд, ки ин ҳама бо шиорпартоӣ не, балки дар заминаи илму маърифат, омӯзиш, заҳмату эҷодкорӣ ва созандагиву ободкорӣ пайдо ва амалӣ мешавад.

Қудбиддин МУҚИМОВ,  сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ