Ватандӯстии соҳибкорони бурунмарзии Исфара

№59 (4165) 16.05.2020

кумакБайни соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд соҳибкорони шаҳри Исфара, ки дар гӯшаю канори гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, аввалин шуда ҳамдиёрони худро дастгирӣ карданд.

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар номаи сипоси худ ба соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст чунин нигоштааст: «Боиси қаноатмандӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки дар ин маврид аҳли ҷомеа, соҳибкорони маҳаллӣ, алалхусус соҳибкорони саховатпешаи бурунмарзии Исфара, ки меҳру муҳаббаташон ба шаҳри азизашон ҳадду андоза надорад, ба муборизаи дастҷамъонаи мо ҳамроҳ шуданд».

Бино ба иттилои масъулини шаҳр, соҳибкорони зикршуда ба Беморхонаи марказии шаҳр 100 маҷмӯъ либоси махсуси ҳимоявӣ ба маблағи 45000 сомонӣ тақдим карданд.

Дар иттилои расмии МИМҲД-и шаҳри Исфара омадааст, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯсту хайрандеш Матлубиддин Қозиев, Абдуризо Абдулахатов ва ҳамсафони онҳо ҳафтае муқаддам дар Федератсияи Россия гурӯҳи эҳсонкорони бурунмарзии Исфара таъсис ёфт, ки аз ҷониби соҳибкорони зодаи ин шаҳри бостонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд.

Чанд рӯз муқаддам аз ҷониби онҳо 1 тонна хлор ва 100 ҳазор рубли русӣ кумакпулӣ барои хариди сӯзишворӣ ба мошинаҳои ёрии таъҷилии шаҳр дастрас шуд.

Аз рӯи гуфти котиби матбуоти раиси шаҳр Иқбол Тешаев рӯзҳои наздик аз ҷониби ин соҳибкорон ба миқдори зиёд доруворӣ барои табобати коронавирус ворид мегардад.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»