ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ноҳияи Вахш ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи мактаббачагони вилоят доир ба волейбол барои дарёфти ҷоми ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов доир гардид. Дар ин мусобиқа толибилмони ноҳияи Вахш ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби хонандагони мактабҳои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қумсангир шуд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон