Боғчаи кӯдакона бунёд шуд

№64 (3049) 28.05.2013

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Чанде пеш дар деҳаи Роҳи нави деҳоти «Тахти Сангин»- и ноҳияи Қубодиён  боғчаи бачагона мавриди истифода қарор гирифт. Акнун дар ин кӯдакистон фарзандони сокинони деҳоти гирду атроф ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо шароити зарурии фароғат фароҳам оварда шудааст. Кӯдакистони нав бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Аксари таълимгирандагони кӯдакистон фарзандони мардуми ӯзбектаборанд. Бо хоҳиши волидайнашон дар кӯдакистон таълими забони давлатӣ низ ба роҳ монда шудааст.