Бунёди корхонаи ресандагӣ

№67 (3052) 06.06.2013

ШАҲРИТУС. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳияи Шаҳритус бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров корхонаи ресандагии «ДУК» бунёд мегардад. Дар он маҳсули дастранҷи пиллапарварони ноҳияҳои минтақа коркард мешавад. Дар ин коргоҳ беш аз 50 нафар духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти ҳозиразамони корхона аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардид. Ҳамчунин бо мақсади омӯзонидани кадрҳои маҳаллӣ ду нафар мутахассисони соҳибихтисос аз ин давлат даъват карда мешаванд. Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.