Бунёди зеристгоҳи нав

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

БОХТАР. (Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҳудуди шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳия бунёди зеристгоҳи нави барқӣ бомуваффақият идома дорад. Дар назар аст, ки дар зеристгоҳи нав ду трансформатори пуриқтидор насб карда шавад. Аллакай яке аз чунин трансформатор ба ин ҷо оварда шудааст. Зеристгоҳи нав бо мақсади паст намудани шиддати сарбории барқ дар зеристгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва хоҷагии Файзалӣ Саидов ва таъмини боз ҳам хубтару беҳтари аҳолӣ бо қувваи барқ, бо иқдоми шабакаҳои барқи ҷанубии вилояти Хатлон ва дастгирии ШСХК «Барқи Тоҷик» бунёд мегардад.