Даромад аз харбузаву тарбуз

№101 (3086) 08.08.2013

ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Вахш дар 788 гектар замин тарбузу харбуза парвариш намуда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Айни замон ҷамъоварии ин зироатҳои полезӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Маҳсули дастранҷи деҳқонони ноҳия ба бозорҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Хоруғ ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Таҷдиди хоҷагиҳои калон ва дар заминаи онҳо пайдо гардидани хоҷагиҳои инфиродию кооперативҳои истеҳсолӣ имкон дод, ки баробари дигар соҳаҳо дар ноҳия парвариши зироатҳои полезӣ  низ зиёд гардад. Саҳмдорон аз ин соҳа фоидаи хуб ба даст оварда истодаанд. Чунончӣ, сарвари хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» — и деҳоти «Ваҳдат» Раҳмон Лолахонов иброз медорад, ки онҳо аз як гектар майдони харбуза то имрӯз 40 ҳазор сомонӣ ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, дар оянда кишоварзони ноҳия ният доранд, ки парвариши зироатҳои полезиро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.