Татбиқи супоришҳои Сарвари давлат

Хуросон ду иқлим дорад

№69 (3054) 08.06.2013

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) таъкид шуда буд, ки ба масъалаи маданияти заминдорӣ, истифодаи васеи тухмии хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид  намудани заминҳои холимондаю партов, бунёди боғу токзорҳои нав, кишти такрорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Баҳри татбиқи ин супориши Сарвари давлат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чӣ тадбирҳо  меандешанд? Атрофи ин масъала хабарнигорамон бо муовини аввали раиси ноҳияи  Хуросон Саидхуҷа Каримов  суҳбат доир намуд.

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон татбиқи  саривақтии барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ислоҳоти кишоварзӣ ва рушди онро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) низ таъкид гардидааст, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ  медонад,- мегӯяд  Саидхуҷа Каримов. -Барномаҳои давлатӣ  тамоми соҳаҳои кишоварзиро фаро гирифта, ба рушди  минбаъдаи он шароит  муҳайё мекунанд. Дар раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ  дар заминаи хоҷагиҳои калон 800 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда, ҳамаи намуди зироати кишоварзӣ кишт мешавад. Кишти зироат бо хоҳишу имконоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шароити иқлим анҷом мепазирад. Ҳар минтақа хусусияти хоси худро дорад. Ноҳияи Хуросон ду иқлим (шимолӣ ва ҷанубӣ) дорад. Дар минтақаи  Фахрободу Даҳанакиик то ҳол гулу сабза мерӯяд. Дар қисми ҷанубии ноҳия бошад, аз гармии офтоб сабзаю буттаҳо аллакай хушкидаанд.

Минтақаи  шимолӣ, ки ҳавои нисбатан муътадил дорад, барои кишти зироат ва бунёди токзор мувофиқ мебошад.

Ҳоло дар минтақаи Фахробод бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғу токзори кӯҳна идома дорад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аввали моҳи  майи соли 2013 ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо фаъолияти хоҷагиҳои боғу  токпарварӣ шинос шуд.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз соли 2010 инҷониб дар мавзеи Фахробод бунёди боғу токзори нав ва барқароркунии боғҳои кӯҳна оғоз ёфт. Дар майдони якуним ҳазор гектар боғи нав бунёд гардид ва ҳоло ниҳолҳо хуб нашъунамо доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо боғдорон, кишоварзон ва мардуми ноҳия суҳбати ошкоро доир намуда, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои судманд дод.

-Аз суҳбату маслиҳатҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар тамоми ҷабҳа бо дили гарм меҳнат доранд,- идома медиҳад Саидхуҷа Каримов.

Чун суҳбат бобати боғу токпарварӣ рафт, мавсуф гуфт, ки  дар ноҳия Барномаи давлатии рушди боғу  токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2020 ҳамаҷониба татбиқ мешавад. Истифодаи самараноки заминҳои холимондаю партов дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таъкид шудааст. Чунин қитъаҳои замин дар ноҳияи мо кам нест. Бисёре аз ин қитъаҳоро тахту ҳамвор ва ба кишт  мутобиқ  гардонидем. Дар заминҳои  лалмӣ усули обёрии  қатравиро ба роҳ мондем ва бартарии он ба мушоҳида мерасад. Майдони боғҳои нав дар заминҳои  лалмӣ ба 127 гектар  расидааст.

Аз ҷумла имсол дар 302 гектар боғи нав ташкил шуда, дар ин майдонҳо навъҳои меваи ба иқлим мутобиқ, аз қабили  зардолу, шафтолу, олу, бодом, анор, ангур шинонида шуд. Майдони умумии боғу токзор 2050 гектарро ташкил медиҳад.

Аз суҳбат бо Саидхуҷа Каримов маълум гардид, ки дар ноҳия имкони ҳар сол дар майдони 20- 25 гектар бунёд намудани боғу токзори нав  мавҷуд аст.

Дар заминҳои обӣ парвариши қаламчаи  пистаи навъи  серҳосили эрониро ба роҳ мондаанд. Ба парвариши писта аҳамияти махсус дода мешавад, зеро аз ноҳия асосан се намуди маҳсулот- писта, сабзавот ва мева  содирот мешавад.

Вобаста ба зиёд гаштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сохтмони анборҳои нигоҳдории ангур, меваю сабзавот, инчунин корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  ба нақша гирифта шудааст. Имсол майдони кишти пахта  4600 гектарро  ташкил медиҳад ва ба парвариши ин навъи зироат қариб 600 хоҷагии деҳқонӣ машғул аст.

Пахтакорон кишти чигити навъҳои «Флора», «Сомон», «Ирам», «Хуҷанд» ва ғайраро ба роҳ  мондаанд. Ин навъҳо ба иқлими гарми минтақа мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳанд. Хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам порсол аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнида буданд. Имсол кишоварзон мақсад доранд, ки истеҳсоли пахтаро ба 1200 тонна (порсол 1060 тонна буд) мерасонанд.

Дар ноҳия имсол дар майдони 5216 гектар ғалла, 480 гектар сабзавот ва дигар намуди зироат кишт  шуд. Алҳол  дарав ва ҷамъоварии ҳосили зироат идома дорад. Баъди  ғундоштани ҳосил кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Хоҷагии ҷангали ноҳия қариб 57 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Давоми се- чор соли охир дар ҳудуди хоҷагии ҷангал 300 гектар пистазор бунёд шуд. Инчунин ду гектар ниҳолхона сохта шуд, ки дар он ниҳолҳои ба иқлим тобовар парвариш ёфта, аз ин ҳисоб майдони ҷангал васеъ мешавад. Ҳар сол то 100 гектар ҷангалзори нав бунёд мегардад. Барқарор ва васеъ намудани масоҳати ҷангал  воситаест, ки  муҳити зистро муҳофизат мекунад.

Кишоварзон бо меҳнати арзандаи худ мақсад доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ таъкид шудааст. Дар ин самт мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои  зиёдро амалӣ мегардонад. Аз ҳисоби ташкили корхонаҳои хурд дар маҳалҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил мешаванд. Аз ҷумла ду сехи дӯзандагӣ ташкил шудааст ва чунин корхонаҳои хурд дар дигар маҳалҳо низ ба фаъолият шуруъ менамоянд. Мақсад доранд, ки минбаъд сарулибоси мактабии хонандагони ноҳия дар ин сехҳо дӯхта шавад.

Ба кор андохтани заминҳои бекорхобидаю партов, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Давоми ду -се соли охир дар ҳудуди ноҳия қариб шаш ҳазор нафар бо ҷойҳои  кор таъмин гардиданд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 89 гектар замин барои додани қитъаи  наздиҳавлигӣ ҷудо шуда буд. Дар натиҷа бештар аз 900 оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуда, шароити зиндагии худро беҳтар намуданд. Аз ҷумла 127 нафар муаллим, қариб 60 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо қитъаи замин таъмин гардиданд.

Алҳол эҳтиёҷмандони замин аз ҳисоби оилаҳои серфарзанд зиёд мебошанд. Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди имкон ин мушкилот низ бартараф мешавад.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»