Кишт бо усули нав

№57 (3042) 14.05.2013

ҚӮРҒОНТЕППА. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар заминҳои филиали Институти зироаткории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ кишти пахта бо усули нав- зери плёнка ба роҳ монда шуд. Деҳқонон усули мазкурро аз мутахассисони чинӣ омӯхта, дар шароити вилояти Хатлон амалӣ намуда истодаанд. Бо ин мақсад аз техникаю таҷҳизоти чинӣ истифода мебаранд. Соли равон ин таҷриба дар 11 гектар замин гузаронида шуд. Бино ба андешаи мутахассисон, агар дар як гектар замини тарзи кишти анъанавӣ 85-90 килограмм чигит истифода гардад, бо усули нав ҳамагӣ 25-30 килограмм пунбадона масраф  ва ҳосилнокӣ то 10-12 сентнер зиёд мешавад. Ин тарзи кишт ҳамчунин истифодаи обро сарфа намуда, имкон медиҳад, ки майдонҳо ҳама вақт нарму муътадил нигоҳ дошта шаванд.