Маъракаи даъват муташаккилона мегузарад

№49 (3034) 22.04.2013

Дар ноҳияи Фархор маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ оғоз ёфта, муташаккилона идома дорад. Барои дар сатҳи намунавӣ ба роҳ мондани ин чорабинии муҳим аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораю тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Силсилаи тадбирҳо дар навбати аввал аз ҷониби сокинону масъулони ҷамоатҳои деҳот андешида шуда, сари вақт мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар маъракаи мазкур ҳамасола ҷамоатҳои деҳоти «Ғалаба» ва «Гулшан» пешсаф ва намунаи ибратанд. Чунончӣ, дар рӯзи аввали ин чорабинӣ даъватшавандаҳои Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» пурра ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, дар тӯли як рӯз нақшаи даъвати баҳории Ҷамоати деҳоти мазкур ба анҷом расид. Нақшаи даъват дар Ҷамоати деҳоти «Гулшан» низ дар арафаи иҷрошавист.

- Айни ҳол вазъи ҳозиршавии даъватшавандаҳо ба комиссариати ҳарбии ноҳия, нисбат ба маъракаҳои қаблӣ хубтар ҷараён дорад. Ин мусоидат мекунад, ки рӯзҳои наздик нақшаи даъвати баҳориро пурра ба иҷро расонем,- изҳор намуд муовини раиси ноҳия Раъно Мирзоева.

 

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»