Маросими гусели наваскарон баргузор гашт

№42-42 (3027-3028) 05.04.2013

Дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими гусели наваскарон ба сафҳои артиши мамлакат баргузор гашт. Дар ҳузури 40 нафар ихтиёриён, волидайни онҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнат раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов бо муроҷиат ба наваскарон гуфт: « Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар яки мост ва онро бояд бо ифтихормандӣ ва садоқати бепоён ба халқу Ватан иҷро кард. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои хизмати содиқонаи шумо ҳама шароитро муҳайё сохтааст. Ватан ба неру ва матонати шумо, ҷавонони саодатманди диёр, такя мекунад ва шумо дар навбати худ чун гавҳараки чашм ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас донед».

Собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст, ки дар ин маросим ширкат доштанд, ба наваскарон дастуру маслиҳатҳои судманд дода, ба эшон дар адои хизмат бурдборӣ таманно намуданд. Маҷнун Баротов ва Муқаддас Холматова аз амали фарзандонашон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат кардаанд, истиқбол намуда, даъват карданд, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода бошанд. Фирӯз Валиев — як ҷавони ихтиёрӣ гуфт: « Артиш мактаби мардонагист ва ҳар як ҷавон бояд аз ин мактаб бо сарбаландӣ гузарад».

Дар охир чун анъанаи нек аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҳамаи наваскарон сарулибоси варзишӣ тақдим шуд.