Аз ҳаёти одамони наҷиб

Накуйӣ карду соҳибном шуд

№52 (3037) 29.04.2013

Худоёр Раҷабов аз зумраи шахсонест, ки бо меҳнату фидокориҳои худ тавонист номи неке боқӣ гузорад. Корҳои анҷомдодаи ин шахси наҷиб дар ободсозии диёри азизамон — Тоҷикистон шоёни таҳсин аст. Ӯ санаи 2 майи соли 1923 дар деҳаи Шакариёни ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Айёми ҷавонии ӯ ба замони сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Худоёр Раҷабов худро аз ҷабҳаи ин набарди хунин канор нагирифта, сарбаландона солҳои 1941 – 1945 дар  мубориза бар муқобили фашизм саҳми арзанда гузошт. Аз ин ҷост, ки вай барои нишон додани мардонагӣ ва шуҷоат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо якчанд ордену медал мукофотонида шудааст.

Худоёр Раҷабов маълумоти олиро бо хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1965 ба даст овард. Дилбастагӣ,  шавқмандӣ, бо азму талоши содиқона роҳ паймудан  дар  кӯйи касбу ихтисоси интихобкарда билохира шахсро  ба  қуллаи мурод меоварад.  Фаъолияти хизматии худро Худоёр Раҷабов аз иҷрои вазифаи иқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Колхозобод шуруъ намуда,  дар мақому мансабҳои масъул – котиби комиҷроияи ноҳияи Колхозобод (ҳозира Восеъ), котиби ташкилоти ҳизбии ҳизби коммунист дар МТС  (истгоҳи мошину тракторӣ)-и ҳамин ноҳия ва котиби Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб оид ба минтақаи Колхозобод (солҳои 1947-1957)  муваффақона ва содиқона адои вазифа кард.

Баробари роҳбарӣ Худоёр Раҷабов аз дигарон низ таҷрибаи кор меомӯхт. Бурди ӯ дар он буд, ки ҳам роҳбарӣ мекарду ҳам донишу ихтисоси худро баланд мебардошт. Инсон то охирин лаҳзаҳои умр бояд аз зиндагӣ биомӯзад. Аз ин ҷост,  ки Худоёр Раҷабов солҳои 1957- 1961 шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ дар назди Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, онро бомуваффақият ба анҷом расонид.

Дар ҷодаи хизматӣ ӯ зина ба зина, бо такя ба малакаи касбӣ ва донишҳои ихтисосии андӯхтаи  худ боло рафт. Баъди хатми Мактаби олии ҳизбӣ Худоёр Раҷабов тадриҷан ба вазифаҳои баландтар – раиси Комиҷроияи ноҳияи Восеъ (солҳои 1961-1962), котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Восеъ (солҳои 1962-1963), котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) (солҳои 1963-1973) таъин шуд. Дар ин вазифаҳои масъул пурмаҳсул кор карда, соҳиби обру ва эътибор гардид.

Моҳи декабри соли 1973 вилояти Кӯлоб таъсис ёфт. Худоёр Раҷабов моҳи феврали соли 1974 аз миёни якчанд нафар номзадҳо раиси Комиҷроияи ин вилояти тозатаъсис интихоб гардид. Роҳбарони оқилу доно ҳамеша роҳҳои пешрафти корро меҷӯянд. Онҳо мекӯшанд, ки барои мардум муҳити кории созгор муҳайё созанд, сатҳи зиндагии эшонро ба қадри имкону шароит беҳтару хубтар намоянд. Х. Раҷабов аз зумраи ҳамин гуна роҳбарон буд.

Ҳангоми дар вазифаи раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб кор кардани Худоёр Раҷабов (солҳои 1974-1983) нақшаю супоришҳои вилоят сари вақт ва барзиёд иҷро мегардид. Соҳаҳои иҷтимоиёту маънавиёт, ободонии шаҳру деҳот рӯ ба беҳбудӣ ниҳода,  хоҷагиҳои деҳот, мактабу маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҷомеа босуръат пеш мерафтанд.

Некӣ  аз  ҷумлаи  он фазилатҳои  ҳамидаи инсонист,  ки  ашхоси шарифу  дурбин  маҳз ба василаи он номи худро машҳур мегардонанд.  Касе,  ки дар ҳаёт  ба некӣ  саъю кӯшиш  намудааст,  умри  бобаракат   ёфтааст. Як нишонаи асосии некӣ дасткушодию саховатпешагӣ ва ҳимматбаландист.

Солҳои фаъолияти хизматӣ дар  мақомоти амнияти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо Худоёр Раҷабов аз наздик шиносойӣ доштам. Имрӯз бо гузашти чандин сол яқин метавон гуфт, ки фазилатҳои наҷибу инсондӯстонаи ин фарди нек обру ва эътиборашро дар байни мардум баланд бардошта, меҳри беандозааш дар дилу дидаи инсонҳои ба ӯ қарин ҳамбастагӣ пайдо намудааст. Вай бо ростқавлӣ ва поктинатиаш дӯстони бешумор пайдо карда, бо одамон муносибати хубу дилгармона дошт.

Худоёр Раҷабов панҷ даъват намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии кишвар, инчунин инкишофу ташаккули бахшҳои ҷомеа саҳми назаррас гузошт.

Заҳмату  ҳиссагузориҳои  барҷастаи фарзанди арзандаи тоҷик Худоёр Раҷабов  ва собиқаи  пурсамари  хизматии  ӯ шоистаи ҳама гуна  қадрдонӣ ва ёдоварӣ мебошанд.   Аз ин ҷост, ки  меҳнатҳои пурсамари  ӯ бо се ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Дӯстии халқҳо» ва ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар ҳаёти оилавӣ  Худоёр Раҷабов ва ҳамсараш Саъбагул Раҷабова рӯзгори фархундаву пурнишот доштанд. Аз зиндагии якҷояи онҳо  фарзандони асилу соҳибақлу соҳибфазилат ба камол расиданд, ки ҷою мақоми сазовори худро миёни ҷамъият пайдо намудаанд. Фарзандонашон Роза — ҳамшираи шафқат, Саломатхон – раиси ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод, Шарифҷон Раҷабов – ҷонишини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаралӣ  Раҷабов – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Азиз Раҷабов — роҳбари кооперативи истеҳсолии «Хатлон» — и шаҳри Кӯлоб шуда кор мекунанд.

Ҳамсари меҳрубони Худоёр Раҷабов – Саъбагул  соли 2000– ум ин дунёро тарк гуфт. Як сол пас аз марги ӯ Худоёр Раҷабов низ вафот кард. Фарзандонаш таври шоиста номбардори номи неки падар гардида, имрӯз бо ҳамон ватандӯстию нектинатии хоси қиблагоҳашон ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб азму пайкор доранд. Худоёр Раҷабов дар масири умри худ рост рафту ба мақомҳои муътабар расид,  накуйӣ карду соҳибном шуд, заҳмат кашиду соҳибобрӯ гардид, фарзандони хушахлоқ тарбия намуду ҳаёти ҷовидон ёфт.

Эркин Муҳиддинов, собиқадори мақомоти амният, генерал – майор