Намоиш-фурӯши ниҳол

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо баргузор гардид. Дар намоиш ҳама хоҷагиҳои ниҳолпарварии навоҳии минтақа ширкат намуда, маҳсулоти хешро манзури иштирокчиён карданд.

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ дар назди иштирокчиёни намоиш суханронӣ карда, таъкид намуд, ки боғдорон бояд ниҳолро аз он хоҷагиҳое харидорӣ намоянд, ки маҳсулоташон дорои сертификат бошад.