Олимпиадаи донишҷӯён анҷом ёфт

№64 (3049) 28.05.2013

КӮЛОБ. (Темуршохи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Тайи ду рӯз дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷараён дошт. Зимни ҷамъбасти кори олимпиада раиси комиссия — муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Одинаев суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки  дар шаҳри бостонии Кӯлоб бо ҳам омадани  намояндагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбии  ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама нишонаи дастовардҳои мост.

Аъзои комиссия ҷойи аввалро ба мизбонон- дастаи донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва ҷойи сеюмро ба Коллеҷи омӯзгории  шаҳри Исфара муносиб донистанд.