Ҳосили нави пиёз-пешкаши аҳолӣ

№53 (3038) 03.05.2013

ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Кишоварзони ноҳияи Қумсангир ба ҷамъоварии ҳосили пиёзи нав оғоз намуданд. Онҳо ният доранд, ки рӯзҳои наздик маҳсули дастранҷи худро барои фурӯш ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароранд. Соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия 800 гектар пиёз парвариш карданд, ки ин 25 фоизи майдони умумии пиёзи вилояти Хатлонро ташкил медиҳад.

Соли равон дар  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳосили хуби пиёз парвариш ёфтааст. Кишоварзон ният доранд, ки баробари таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо пиёзи барвақтӣ маҳсули дастранҷи худро ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд. Соли гузашта деҳқонони ноҳия ҳосили хуби пиёз парвариш намуда, аз он фоидаи зиёд ба даст оварда буданд. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ кишоварзон, баробари зиёд намудани майдони умумии пиёз, кӯшиш карданд, ки ҳосилнокии онро низ афзун гардонанд.