ДАНҒАРА. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имсол дар ноҳияи Данғара ҳаҷми майдони кишт ва номгуйи зироатҳои кишоварзӣ афзоиш ёфт. Кишоварзони соҳибтаҷриба дар майдони 21137 гектар гандуму ҷави баҳорию тирамоҳӣ, 100 гектар ҷуворимакка, 400 гектар пиёз, 57 гектар сабзӣ, 76 гектар помидор, 42 гектар бодиринг кориданд, ки ҳосили аксари ин зироатҳо ҳоло пухта расидааст. Алҳол дарави ғалла босуръат идома дорад.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон