Парвариши кирмак оғоз ёфт

№41 (3026) 01.04.2013

ҚУБОДИЁН. (Толмас БУРИЕВ) Дар деҳоти ба номи У.Назарови ноҳияи Қубодиён маъракаи кирмакпарварӣ оғоз ёфт. Аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аввалин шуда, қуттиҳои кирмакро ба парваришхонаҳои доимӣ оварданд. Имсол кирмакпарварон 185 қуттӣ тухми кирмакро парвариш мекунанд. Онҳо аҳд кардаанд, ки аз ҳар қуттӣ кирмак 50 килограммӣ пилла ба даст оваранд.

Тавре ки агрономи пиллапарвар Файзалӣ Ашӯров изҳор дошт: «дар инкубатори марказонидашудаи деҳоти номбурда кирмакҳо дар шароити мусоид, дар асоси қоидаҳои баланди агротехникӣ инкишоф ёфтаанд». Аз рӯи натиҷаҳои ҳосили пилла ғолибонро мукофотҳои пулӣ ва молӣ интизор аст.