Соҳаи моҳипарварӣ рушд мекунад

№101 (3086) 08.08.2013

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 20 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунад, ки дар маҷмуъ майдони умумии ҳавзҳои онҳо 80 гектар заминро ташкил менамояд. Маҳсулоти аз оғози сол истеҳсолкардаи хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳр 47,4 тоннаро дар бар мегирад, ки ин нишондод дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,4 тонна зиёд мебошад. Акнун манфиати дилхоҳ бардоштани хоҷагиҳои моҳипарвар сабаби беш аз пеш афзудани шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҳудуди шаҳр шудааст.