Сохтмони бинои истиқоматӣ

№67 (3052) 05.06.2013

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид. Бинои мазкур аз 40 ҳуҷра иборат буда, дар он асосан хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзили зист мегарданд. Барои бунёди ин бино аз ҳисоби буҷети вилоят  ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.