Вохӯрӣ бо донишҷӯён

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавононе, ки  тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мактабҳои олии шаҳру навоҳии минтақа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вохӯрӣ баргузор гардид. Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Абдулло Табаров суханронӣ карда, аз хусуси расидан ба қадри ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар ибрози андеша намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ  чанд тан аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва филиали  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  бо ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гаштанд. Ба ҳамаи донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ ба таълим фарогирифташуда аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо кӯмакҳои пулӣ расонида шуданд.