Заминҳо шодоб мегарданд

№52 (3037) 29.04.2013

ҚУБОДИЁН. (Толмас БӮРИЕВ)   Дар канали магистралии ноҳияи Қубодиён якчанд дарвозаи обгузари гуногунҳаҷм сохта ба истифода дода шуд. Туфайли ба кор андохтани ин гуна иншооти  гидротехникӣ меъёри сарфи об ба танзим дароварда шуда, тақсими об дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле беҳтар гашт. Ҳоло аз канали мазкур дар як сония зиёда аз 20 мукааб метр об ҷорӣ мегардад.

Аз оби канал шаш маркази обкашӣ фаъолияти хоҷагидориро пеш мебарад.

– Канали  магистралии ноҳияи Қубодиён яке аз калонтарин ва дарозтарин иншооти обӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад. Ҳар сол зиёда аз 5320 гектар замини ноҳия аз ин канал шодоб мегардад,- гуфт дар суҳбат бо мо сардори гидроузели « Бешкент» Мусулмон Абдураҳимов.