Ҳашари ниҳолшинонӣ дар «Қасри Арбоб»

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Беш аз 300 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муассисаву ташкилотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар мавзеи «Қасри Арбоб»-и ноҳия ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида, ба ин маъракаи муҳим дар вилоят оғоз бахшиданд. Дар ин рӯз беш аз 3,5 ҳазор бех ниҳоли гуногун, асосан дарахту буттаҳои ороишиву сояафкан, шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок намуд.