Ҷавонон бояд ватандӯсту шуҷоъ бошанд

№55 (3040) 08.05.2013

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд нимаи дуввуми моҳи апрели соли равон, дар робита ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мулоқоти масъулини кумита бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд сурат гирифт. Дар ин радиф инчунин ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Барномаи «Ихтиёриёни ҷавон» ва барои дарёфти роҳҳои муассиртари ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ 18 апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва 27 апрел дар шаҳри Хуҷанд семинари методию амалӣ бо ширкати масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Зимни дидорбинӣ бо афсарону сарбозон зикр гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи  шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёри худ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ аҳамияти беандоза касб менамояд. Аз ин ҷост, ки пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои муҳиму мақсаднок андешида мешавад. Агар ҳар як баромаду суханрониҳои Сарвари давлатро бо ҷавонон ё дар бораи ҷавонон таҳлил намоем, бармеояд, ки мазмуну муҳтавои асосии онҳоро ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»