Аз фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Баррасии масъалаҳои муҳим

№113 (3259) 30.09.2014

Чанде пеш Иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,  баргузор гардид.

Пас аз интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи иҷлосияро бо дарбаргирии ҳашт масъала тасдиқ карданд. Аз рӯйи масъалаи аввал -Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таҳти №439 «Дар бораи таҷлили 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки мардуми кишвар дар арафаи таҷлили ҷашни бузург – 20 солагии Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва ин рӯзи таърихиро бо меҳнати софдилонаю дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ пешвоз мегиранд. Барои таҷлили ин ҷашни бузург дар заминаи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қарорҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо дар 12 банд тартиб дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, ба муносибати ин ҷашн як қатор корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои фарҳангиву омӯзишӣ ва сохтмони иншооти гуногунсоҳа амалӣ карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳнаткашони вилоят фаъолияти хешро соли равон барои амалӣ намудани се ҳадафи асосӣ — гузаронидани ислоҳоти замин ва соҳиби замин кардани ҳар оила, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ равона сохтанд. Дар ин робита, давоми ҳашт моҳ аз 2991 хоҷагии таҷдидшаванда 2817 адади он мавриди таҷдид қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 32 ҳазор хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ ташкил гардид ва 2900 нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, бо замин сарукор гирифтанд. Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат оид ба таъмини шаҳрвандон бо замини наздиҳавлигӣ мавзеъҳои Моҳпарии шаҳри Исфара, Суғдиёни Мастчоҳ ва Ҳамрободи Бобоҷон Ғафуров ба шаҳракҳои истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт. Айни замон аз 103 ҳазор эҳтиёҷманди вилоят 77 ҳазор нафар ё худ 75 дар сад бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Дар асоси Барномаи роҳҳои ободи вилоят 2440 километр роҳҳо таъмир шудааст, ки ин ба 103,8 дар сади нақша баробар аст. Аз ин 107,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ шудаанд. Дар заминаи иқдоми эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» таъсис ёфт, ки дар он 400 нафар бо кор таъмин ва 764 нафар бонувон ба омӯзиши ҳунари гилембофӣ фаро гирифта шудаанд.  Чунин марказҳои омӯзишӣ дар шаҳру навоҳӣ низ ташкил ва бо дастгоҳҳо таъмин гардидаанд. Дар натиҷаи меҳнати пурсамари заҳматкашони вилоят дар ҳашт моҳ қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 105,9 фоиз иҷро гардида, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 2,5 миллиард сомонӣ расонида шуд. Аз 160 корхонаи бунёдшаванда то имрӯз 111 ададаш бо фарогирии 2232 ҷойи нави корӣ ташкил ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг низ зиёд аст ва сохтмону азнавсозии иншооти таълимию табобатӣ ва фарҳангию фароғатӣ  бомаром идома дорад.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакилони халқ ширкат варзида, оид ба моҳияти таърихии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои иҷрошуда дар минтақаҳо андешаҳояшонро баён карданд. Изҳори  умед карда шуд, ки меҳнаткашони вилоят ин ҷашни бузургу таърихиро бо рӯҳияи баланди созандагӣ  истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар иҷлосия вакилони халқ ҳамчунин ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Чилгазӣ» №14 Мавзуна Шарофиддиноваро оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш шуниданд ва доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аз рӯйи  масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия оид ба вазъи корбарӣ бо муроҷиати шаҳрвандон муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳисобот дод. Бояд гуфт, ки ба рӯзномаи иҷлосия дохил кардани масъалаи мазкур бесабаб нест, зеро сатҳи баррасии муроҷиати мардум дар зинаҳои поёнии мақомоти маҳаллӣ ҷавобгӯйи талабот нест ва шаҳрвандон маҷбур мешаванд, ки барои ҳалли мушкилоташон ба мақомоти вилоятӣ муроҷиат намоянд.

Давоми ҳашт моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1566 ариза ворид шудааст, ки 930 адад ё худ 59,7 фоизи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Шумораи муроҷиатҳои дастҷамъона ба 257 адад расидааст. Дар ин муддат аз ҷониби раиси вилоят рӯзҳои қабул, (рӯзи шанбеи ҳар ҳафта) ва дар маҳалҳо 1514 шаҳрванд пазируфта шудааст, ки асосан аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Мастчоҳ, Истаравшан, Ғончӣ, Чкалов ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Марбут ба ҳалли муроҷиати шаҳрвандон дар маҷмӯъ аз буҷети вилоятӣ 11,1 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки аз ин ҳисоб 30 километр роҳҳои вилоят пурра мумфарш карда шудаанд.

Раиси вилоят раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни зинаҳои поёниро дастур дод, ки нисбати муроҷиати шаҳрвандон масъулияти ҷиддӣ  зоҳир намоянд.

Вакилони халқ аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Мухтори Абдулло,  «Садои мардум»