Бунёди боғҳои нав идома дорад

№44 (3029) 09.04.2013

АЙНӢ. ( Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»)  Дар деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар масоҳати нуҳ гектар боғи нав бунёд гардид. Тавре раиси деҳоти мазкур Ҷумъабой Камолов гуфт, боғ дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бунёд ёфт, ки аз он ду гектар дар деҳаи Нарвад, чор гектар дар деҳаи Тӯда ва се гектар дар деҳаи Марғзор буда, дарахтони мевадиҳандаро дар бар мегирад. Инчунин номбурда афзуд, ки бо дастгирии Оҷонсии дастгирии равишҳои инкишофи «Нов» ба оилаҳои камбизоат 1000 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ тақсим гардид.