Эътибор ба рушди бозии футбол

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи Федератсияи футболи вилоят баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Федератсияи футболи вилоят, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар миқёси вилоят соли 2012-ум дар 40 мактаби варзишии бачагону наврасон 27 шуъба оид ба футбол амал намуд, ки дар маҷмуъ 213 гурӯҳро дар бар мегирифт. Алҳол дар онҳо 2069 нафар варзишгарон, аз ҷумла 62 нафар духтарон бо 88 нафар мураббиён аз рӯйи намуди футбол машқ менамоянд.