Иҷрои қонун

Эътибор ба рушди туризм меафзояд

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Дар Қасри фарҳанги «Арбоб» таҳти раёсати раиси Шӯрои машваратӣ, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷаласаи чаҳоруми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд. Дар ҷаласа намояндагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.

Дар Шӯрои машваратӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар қаламрави вилоят сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Илҳом Инъомов  ҳисобот дод. Қонуни номбурда, ки дар кишвар аз соли 2011-ум амал мекунад, барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам овардааст, — гуфт ӯ.  «Рушди бахши сайёҳӣ»  мавзуи асосии кори ин ҷаласа буд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки туризм дар кишварҳои дунё мавқеи муҳими иқтисодиро ишғол менамояд. Охирҳои қарни ХХ ва аввали асри ХХI суръати афзоиши туризми байналмилалӣ ба дараҷае расид, ки коршиносон онро ҳамчун «инқилоби туристӣ» маънидод мекунанд. Аз ҷиҳати даромаднокӣ туризми байналмилалӣ ба ҷойи аввал баромада, аз соҳаҳои иқтисодиёти автомобилсозӣ ва нафту газ пеш гузашт.

Даромади соҳаи туризм ва қабули меҳмононро дар баъзе манбаъҳои иттилоотӣ дар соли 2000-ум ҳудуди 461 миллиард доллар  нишон додаанд ва тахмин мекунанд, ки ин рақам дар солҳои 2015-2020-ум ба 2 триллион доллар мерасад. Хурсандиовар аст, ки ҷумҳурии мо дар бобати рушди туризм имкониятҳои фарох дорад ва онро ба яке аз ҷабҳаҳои сердаромад табдил додан мумкин аст.

- Дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, — гуфт раиси вилоят, — таъкид шуд, ки соли равон андозаи маош ва нафақаи аҳолӣ зиёд карда мешавад. Барои вилояти Суғд ҷиҳати пӯшонидани фарқияти маблағҳои мавҷуда 15 миллион сомонӣ зарур аст. Агар дар қатори дигар соҳаҳо туризм ҳам рушд ёбад, яке аз сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷет хоҳад шуд. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки оид ба пешбурди ин  соҳа тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ин мавзуъ Шорауф Шораҳматов — роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон ва Шодмонқул Сангинов – директори ҶДММ «Ҳафткӯл»- и шаҳри Панҷакент суханронӣ карданд. Дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ  мавзуи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»