Грантҳо супорида шуданд

№64 (3049) 28.05.2013

 Ба 15 нафар занони соҳибкори вилояти Суғд гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд. Ин грантҳо тибқи Қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода таъсис ёфта буданд, ки маблағи умумии онҳо 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла панҷ грант, ҳар яке ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва 10 грант, ҳар яке ба маблағи 10  ҳазор сомонӣ, пешбинӣ шудааст.

Дар муҳлати пешбинишуда ба унвони комиссияи озмун 38 лоиҳа аз номи 36 нафар довталабон пешниҳод шуд ва дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 15 лоиҳа аз ҷониби комиссияи озмун беҳтарин дониста, грантҳо тақдим гардиданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»