Мулоқот бо намояндагони ВАО

№52 (3037) 29.04.2013

ХУҶАНД. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар Муассисаи давлатии КВД «Кохи матбуот»- и шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини якуми раиси вилояти Суғд  Ҷумъабой Сангинов бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Ҷумъабой Сангинов оид ба ҳадаф ва моҳияти баргузории чорабинӣ, риояи қонунҳои марбутаи соҳа дар фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма, риояи ахлоқи касбӣ, рисолат ва вазифаҳои навбатии кормандони воситаҳои ахбори омма дар замони муосир сухан ронд.

Намояндагони расонаҳои хабарӣ дар суҳбати озод оид ба масоили ҳалталаби соҳа, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, роҳҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот изҳори андеша намуданд.

Ҳамчунин бобати ҷараёни татбиқи иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» андешаҳо баён гардиданд.