Мулоқот бо соҳибкорони вилоят

№113 (3259) 30.09.2014

Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарони як қатор вазоратҳо, идораву кумитаҳои ҷумҳуриявӣ бо соҳибкорон  баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорон маълумот дод.  Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар вилоят беш  аз 75 ҳазор субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунанд ва саҳми бахши хусусӣ дар пешбурди иқтисодиёти вилоят назаррас мебошад. Соҳибкорон дар ташкили коргоҳҳои нав, бо ҷойи кор таъмин кардани мардум, афзун намудани ҳаҷми маблағи воридотӣ ба Буҷети давлатӣ, ба ин васила дар ободии Ватан саҳми муносиб доранд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳури Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар бораи омодагиҳо ба мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорон сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки ҳадаф аз ташкили вохӯрии имрӯза, қабл аз ҳама, омӯхтани вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорон, донистани мушкилоти онҳо мебошад.

Зикр гардид, ки соҳаи соҳибкорӣ дар мамлакат беш аз пеш рушд мекунад ва натиҷаи он дар тамоми соҳаҳо, минҷумла истеҳсолот ба назар мерасад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида  шуда истодаанд. Дар бобати гузаронидани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмӯи қонунгузорӣ, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сифат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он чораҷӯйиҳои  мақсаднок идома доранд.

М.Абдулло, «Садои мардум»