Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо аҳолии Панҷакент

№41 (3026) 01.04.2013

Чанде пеш Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот намуд. Раиси вилоят вазъи корҳоро дар ҷамоатҳо таҳлил намуда, як қатор камбудиву нуқсонҳоро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, масъулони сохторҳои гуногуни қаламрави вилоят таъкид сохт. Маълум гардид, ки дар аксар ҷамоатҳои шаҳр то ҳанӯз масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ҳал нашудаву эҳтиёҷмандон солҳои сол дар навбат қарор доранд.

Дар мулоқот раисони ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ, ба номи Рӯдакӣ, ба номи Лоиқ Шералӣ, ба номи Халифа Ҳасан, Амондара, Сӯҷина, Вору аз фаъолияташон мухтасар маълумот дода, доир ба масъалаҳои мавҷуда ибрози назар карданд. Якчанд нафар сокинони ҷамоатҳои деҳот низ доир ба масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ ба раиси вилоят арзу шикоят карданд.

 

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»