Мунодии сулҳ ва ягонагӣ

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Дар шаҳри Истаравшан бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз моҳи июли соли 1997, яъне аз аввали таъсисёбии ин Ҳаракат амал мекунад.

Зебӣ Маъруфова, ки аз рӯзҳои нахустини ташкилшавии ин созмон узвияти фаъоли онро дошта, чандин сол раиси он ҳам буд, имрӯз вазифаи муовини раиси бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро иҷро мекунад.

Ҳанӯз соли 1996 муовини мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо ва муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд буд, ки ӯро муовини раиси бахши суғдии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб карданд. Соли 2000- ум чун муовини раиси шаҳри  Истаравшан таъин шуд, раисии бахши шаҳрии Ҳаракати мазкурро ба ӯ бовар карданд. Вакили анҷуманҳои дуюму сеюми Ҳаракат ва иштирокдори ҷашни мутантани 15-солагӣ ва 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст.

Аз Зебӣ Маъруфова бобати фаъолияти имрӯзааш, зарурати чунин як созмони ҷамъиятӣ ва нақши он дар ҷомеа пурсон мешавам.

-Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мунодии сулҳ аст, зеро дар кишваре, ки рӯзҳои сахт ва оқибатҳои фалокатбори ҷангро дид, ризоияти сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ амри ҳаётан муҳим ва муқаддас мебошад  ва ҳифзу таҳкими минбаъдаи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди баномуси Ватан аст, -изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон буда, сарварии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро бар дӯш доранд, хеле хуб чунин таъкид кардаанд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ баҳри сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадам ворид гардад, наслҳои ояндааш зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Созишномаи сулҳ бо сатҳи баланди аҳамияташ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар як радиф қарор дорад!»

Бахши истаравшании Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  209 созмони ибтидоӣ ва зиёда аз 37 ҳазору 500 нафар аъзо дорад. Соли гузашта тамоми мардуми ҷумҳурӣ 15-солагии таъсисёбии ин Ҳаракати мардумиро ботантана таҷлил карданд. Дар ин муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан, тағйироту таҳаввулоти чашмгир ба амал омад. Дар кишварамон даҳҳо нақбу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаю ташкилотҳои зиёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Шоҳроҳҳо бунёд гаштанд, сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи баланд боло рафт.

-Мо бо ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат, ки дар ҷамоатҳои деҳоту кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту муассиса, мактабу хоҷагиҳо таъсис шудаанд, робитаи зич дорем, маҷмуи тадбирҳои якҷояро бобати ба мардум, бахусус дар ҷавонону наврасон, бедор намудани ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ, рукнҳои давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, анҷом медиҳем, -гуфт дар фарҷоми суҳбат Зебӣ Маъруфова.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»