Наслгирӣ бомуваффақият идома дорад

№57 (3042) 14.05.2013

ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар ноҳияи Ғончӣ наслгирӣ аз моли майда бомуваффақият идома дорад. Барои чорводорон зимистони имсола хуб омад. Муътадилии обу ҳаво имкон дод, ки чорво нисбат ба зимистони порсола камтар талаф ёбад. Сардори Идораи кишоварзии ноҳия Абдумалик Ҳодиев гуфт, ки  имрӯз дар миқёси ноҳия 6500 сар чорвои майдаи наслдиҳанда мавҷуд аст ва аз он беш аз 4000 ҳазор сар насли солим ба даст омадааст, ки ба ҳар 100 сар мол 70 сарӣ рост меояд. Барои солим нигоҳ доштани  баррачаҳои навзод дар ҷойҳои нигаҳбонии онҳо навбатдорӣ ташкил шудааст. Эму хошок, дорувории зарурӣ бар зидди ҳама гуна касалиҳои чорво  ин ҷо муҳайёст. Чӯпонҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Бахмал», «Ӯктам Фозилxонов» ва «Эркабой Умаров» азм доранд, ки аз ҳар 100 сар меш 100 сарӣ барраю бузғола гиранд.